Яке аз шахсиятҳои бедору худогоҳу неруманд Раҳматшо Диловаров ба шумор меравад, ки дар пайроҳаи зиндагӣ машъалафрӯзи роҳи шогирдон буда, он нурҳои некпайғоми хуршеданд, ки мо аз пайи онҳо, шоҳкитоби зиндагӣ дар каф бо собитқадамӣ ва фирӯзбахтӣ роҳсипор дар гӯшаҳои қисмату тақдирем. Ин донишманди дақиқназар, инсони фурӯтану хоксор, равшанзамир, некмаҳзару соҳибрисолат ва омӯзгори варзида байни аҳли маорифи ҷумҳурӣ бо пайкори созанда, фидокориву ҳақталошӣ, поктинатию растагорӣ соҳибмақом гашт. Устод тули фаъолияти пурсамари ибратомӯз шогирдонро ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ, хизмати содиқона ба мардум, бедории андешаву шуури миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ва маърифатписандӣ ҳидоят менамояд.
Симо ва шахсияти нексиришти Раҳматшо Диловаров миёни аҳли илму маориф намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин мебошад. Устод, пеш аз ҳама, ҳамчун як инсони комил шинохта шудааст. Дарсҳояш самимӣ, суханаш боэътимод, ҷаҳонбиниаш васеъ, ҳофизааш қавӣ ва мантиқи баёнаш комилу муътамад мебошад. Ба шогирдон доимо таблиғи расми адаб мекунад ва онҳоро ба таҳлил кардан, ҳарфи ҳақро ба забон овардан, ва маърифати воло ҳидоят менамояд.
Р. Диловаров аз зумраи устодонеанд, ки таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавонро вазифаи муқаддаси худ медонад, дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифату соҳибтахассус ва худшиносу ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва зебописандӣ, инчунин, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ саҳми босазо дорад. Самтҳои фаъолияти омӯзгории устод гуногунпаҳлу буда, дар омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногуни омузгорӣ, бахусус география, беандоза мебошад.
Мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълифнамудаи ӯ арзиши илмӣ, таълимӣ, пажӯҳишӣ ва методӣ доранд. Мо – шогирдон, хешро хеле хушбахт меҳисобем ва ифтихор аз он дорем, ки солҳост бо ин олими тавоно, донишманди асил, хирадманд дӯстию бародарӣ дорем.
Он кас бо тамоми ҳастияш дилдодаи касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошад. Саҳми устод дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи илм хеле назаррас аст. Бо ташаббуси ӯ даҳҳо нафар шогирдон рисолаҳои илмии хешро ҳимоя намуда, айни ҳол дар рушди илми география саҳм гузошта истодаанд. Шогирдони устод дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона ифои вазифа менамоянд.
Раҳматшо Диловаров мояи зиндагии хешро дар хирад ёфта, донишу хирад тору пуди зиндагии ӯро танидааст.
С. СИЯҲАКОВ,
мудири кафедраи физикаи умумии факултети физика,
А. САМИЕВ,
мудири кафедраи методикаи
таълими геграфия ва туризм,
М. ТАБАРРУКОВ,
мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии факултети география ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ