9-уми марти соли ҷорӣ, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардид. Банда чун дигар сокинони кишвар зери таъсири суханони орифонаи Сарвари давлат қарор гирифтам ва дар тафаккури хеш ҳар як гуфтаву таҳлилҳои бамантиқи Сарвари давлатро ҷой додам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба асли хеш, худшиносиву худогоҳии миллӣ сухан ба миён оварда, таъкид доштанд, ки маҳз истиқлол ва давлати дунявии Тоҷикистон имкон дод, ки Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардад (се карат), яке аз тафсирҳои куҳани Қуръон – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» ба хатти кириллӣ ба нашр расад (ду карат), таҷлили 1310-солагии пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит машҳур ба Имоми Аъзам, ҷашнҳои мутафаккирону адибони тоҷику форс, мисли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Мавлоно, Камол, Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ, чоп шудани даҳҳо осори илмиву адабӣ, ки ба густариши тафаккури диниву мазҳабии мо мусоидат кардаанд, далели раднопазири ҳидояти ҳамватанон сӯйи худшиносиву худафрӯзист.
Мутаассифона, бо вуҷуди ин ҳама ибтикороти хушоянд, ба таъбири Пешвои миллат, зарур омадааст, ки доир ба равандҳои номатлуби ҷомеа, ки таъсири онҳо ба Тоҷикистони соҳибистиқлол низ кам нест, «кушоду равшан» (таъбир аз Пешвои миллат) назари худро баён созем. Ин навъ муносибат аз он сар мезанад, ки имрӯз дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ афзуда, муҳимтар аз ҳама, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ эҳсос мешавад. Дар ин вазъи зудтағйирёбанда огоҳу ҳушёр ва худшиносу худафрӯз будани мо – сокинони кишвар, муҳим ва саривақтист.
Муаммоҳое, ки Сарвари давлатро ба ташвиш овардаанду мо низ нисбат ба онҳо бетараф набояд бошем, инҳоянд: 1) зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар; 2) шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва бад-ин васила сафарбар гардидани онҳо ба кишварҳои даргир; 3) бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон даст задани бархе ба ном руҳониён ба амалҳои бадахлоқона; 4) афзудани ҳаҷи умраи занону кӯдакони ноболиғ; 5) бегонапарастӣ, хосатан тақлид ба либоси миллати ғайр.
Омӯзиши афкору андешаи бузургони миллатамон, мисли устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абулмаонӣ Бедил ва дигарон собит мекунад, ки мо – тоҷикон, дар раҳи шинохти Ҳақ, иҷро ва ё адои фаризаҳои ислом, воқеан ҳам, ба зиёдаравӣ роҳ дода, ҳама корро ба хотири намоишу худнамоӣ анҷом медиҳем. Чунончи, яке аз рукнҳои ислом намоз аст, ки дар як шабонарӯз панҷ маротиба адо мешавад. Давлати дунявии Тоҷикистон ва фаъолияти масоҷиди панҷвақта имкон фароҳам овардааст, ки ин рукни ислом озодона иҷро гардад, вале, мушоҳида мешавад, ки ҷавонони кишвар аз ин имкониятҳо суиистифода намуда, огоҳонаву ноогоҳона сӯйи масоҷид медаванд ва худнамоёна дар сафи намозгузорон қарор мегиранд. Бехабар аз он ки гузаштагони мо, хосатан шайх Саъдӣ, таълим медиҳанд, ки «ихлос ба пешонӣ нест»:
Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.
Чун сухан аз афкори «муаллими ахлоқ» ва «шоири одамият» – шайх Саъдӣ, ба миён омад, мехоҳем дар ин маврид чанд афкори дигари ин мутафаккирро ёдрас шавем.
Рукни панҷуми мусалмонӣ зиёрати хонаи Худо аст, ки дар ин маврид низ, чунонки Пешвои миллат таъкид намуданд, ба зиёдаравӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона роҳ дода, намоишкорона роҳ сӯйи хонаи Худо мегирем. Дар ин маврид шайх Саъдӣ ба ин назар аст: «Ҳар кӣ ба пой ба Каъба равад, Каъбаро тавоф кунад ва ҳар кӣ ба дил равад, Каъба ӯро тавоф кунад». Пас, маълум мешавад, ки бешуурона ба сӯйи Каъба шитофтан маъние надорад, Худованди ягонаро бо дил бояд шиносем. Мирзо Бедил, ки бо унвони ифтихории «Абулмаонӣ» шуҳрат дорад, дар ин маънӣ ба ин фикр аст:
Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро,
Ҳар кӣ чун Бедил тавофи гӯшаи дилҳо кунад.
Сарвари давлат низ иброз доштанд, ки дил ба даст овардан беҳтар аз ҳазорон карат зиёрат намудани Каъба аст. Ба ин маънӣ Соиби Табрезӣ мегӯяд:
Дар Каъбаи дил аст шабу рӯз рӯи ман,
Чун офтоб саҷдаи ҳар дар намекунам.
Ҳамин ҳикмати ҷовидона имрӯзҳо низ аз тарафи суханварони мо ба либоси нав ва ифодаҳои бикр ифода мешаванд. Чунончи, устод Фарзона мегӯянд:
Каҷрав агар ҳаҷрав шавад, як ном ӯро нав шавад,
Аз нав ҳаром ояд бурун, гарчи дарояд дар ҳарам.
Қуръон, ки муъҷизаи хотами паямбарон асту ба таъбири шайх Саъдӣ, «Мурод аз нузули Қуръон таҳсили сирати хуб аст ва тартили сураи мактуб» имрӯз, мутаассифона, барои бархе ба ном руҳониён василаи ҷамъоварии моли дунё гардидааст. Аз ин хотир, дар суханронии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба хайру эҳсон ва ободии диёр ташвиқу тарғиб намуда, ҷавононро, ки фардои кишвар ба донишу хиради онҳо сахт вобастагӣ дорад, ба таҳсили илм ва аз худ намудани донишҳои муосир даъват карданд: «Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами арабӣ нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонида, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст». Яъне, илм инсонро ба пояҳои баланди зиндагӣ расондаасту мерасонад.
Як амали дигари ташвишовар, ки Пешвои миллат аз он бонги хатар заданд, бегонапарастӣ дар либоспӯшист. Ин падидаи фарҳангкуш, асосан, байни бонувон роиҷ гардида, ба нудрат байни мардон ҳам мушоҳида мешавад. Сарулибоси миллӣ муаррифгари фарҳангу тамаддун ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мост, ки бо гузашти замон унсурҳои миллии нав илова гардида, дар шакли шинаму зебо то замони мо омада расидааст. Хушбахтона, бо ибтикори Ҳукумати кишвар бархе аз онҳо, мисли адрасу чакан, ба феҳристи номҳои ғайримоддии башар (ЮНЕСКО) ворид гардиданд, ки мояи ифтихору сарфарозист. Мутаассифона, бедонишиву кӯрсаводӣ боиси тақлид ба сарулибоси ғайр шудааст. Мавлоно ба ин маънӣ гуфтаанд:
Мар маро тақлидашон бар бод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод!
Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки бо ташаббусу ибтикороти хушоянди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароит барои зиндагии шоиста ва адои рукнҳои дини мубини ислом мавҷуд аст, мо – сокинон, бояд худшиносу худогоҳ гардида, бо дилу нияти пок худрову Худоро бишносем.
Мусо ОЛИМҶОНОВ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров