Даъвати пур аз иғвои чанд муллонамои худхоҳ аз мо тақозо менамояд, ки беш аз ҳар вақти дигар бедору иттиҳод ва ҳушёру зирак бошем. Пайдост, ки ҳанӯз ҳам қувваҳои берунӣ дар пайи барҳам задани оромишу осоиши мардуми моянд. Ин қувваҳо, агар дар гузашта пинҳонӣ амал мекарданд, имрӯзҳо ошкоро ба таҳдиду даъватҳои ғаразнок гузаштаанд. Онҳо аз минбарҳои замони нав – экранҳои интернет, моро ба амалҳои нангин, пасмондагӣ ва ба ваҳшонияти асрҳои қабл “ҳидоят” мекунанд. Ғуломиву канизакии занонро мехоҳанд. Бидуни меъёрҳои динӣ ба қазовату ҳукм пардохтаанд, ки на танҳо ҷомеаи демократии мо, балки ҷомеаҳои бузурги исломӣ низ чунин даъвату фатвоҳоро қабул надоранд.
Дар робита ба ин қазия, ошно шудан бо андешаҳои чанде аз намояндагони касбу кори гуногун ва шахсиятҳои таъсиргузор муфид хоҳад буд. Яке аз онҳо иштирокдори Иҷлосияи сарнавиштсоз, зани қавииродаву ботаҷриба Биҳоҷал Раҳимова мебошад. Ӯ гуфт: “Беҳтарин падидаи замони истиқлол, умуман сад соли охир, озодии занони тоҷик аст. Мо ба чунин рӯзи саид, ба замони озодиву озодагии бонувони тоҷик ба осонӣ нарасидем. Акнун, як гурӯҳи муғризи хориҷӣ мехоҳад бо истифода аз эътиқоди мардум занони моро ба чодару сатр ва либосҳои сиёҳ пас гардонад. Дар ҳоле ки аз таърих медонем, модарону момоҳои мо либоси сиёҳро, ҳатто, дар ҷаноза намепӯшиданд, балки пироҳани мотамдориро бо ранги сабз медӯхтанд.
Ҳамсоягони мо, аниқтараш мусулмонони нохунакӣ, занони моро ба пӯшидани ҳиҷоб ва мардони моро ба ҷиҳод даъват доранд, дар ҳоле ки мусулмонӣ ба дил аст. Бе дили пок, нияти нек ва азми ободкорӣ зоҳири ба сиёҳӣ печида ба кӣ даркор? Бо муроҷиат ба онҳо гуфтаниям, ки мо ба роҳбариву роҳбаладӣ ниёзе надорем, зеро роҳи дақиқи солҳо пеш интихобшуда дорем ва дар ин роҳ устуворем!”.
Абдулфайзов Саиднурудин, дотсенти кафедраи забони англисии ДМТ, андешаҳояшро чунин иброз дошт: “Парвардигори азимушшаън дар Каломи маҷид мефармояд: "Таъовану алал бири ва тақво вало таъовану алал исми вал ъудвон". Яъне, дар корҳои нек ва тақво ҳамкорӣ кунед, вале дар корҳои гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ накунед. Тули таърих тоҷикони Афғонистон борҳо ва борҳо мавриди фиребу найранги қавмҳои кӯчӣ гардидаанд. Чанд рӯз кишвари мо мавриди интиқоди шадиди баъзе бо ном мавлавиҳо, аммо дар асл чоплусон ва хизматгузорони аморати қавмӣ (Толибон) қарор гирифт. Мо, мардуми тоҷик, наздики 1400 сол боз мусалмонем. Соҳиби давлати миллӣ, Шурои уламои исломӣ, Донишгоҳи исломӣ ва қонунҳои ҷорӣ ҳастем. Мо соҳиби ҳазорон масҷидҳои ҷомеъ ҳастем ва мардум озодона ибодат мекунанд, ягон монеа вуҷуд надорад ва ниёзе ба ҳаёҳуи бемантиқи шумо ҳам надорем. Шумо кишвари худро ислоҳ кунед, ки тамоми қонунҳои исломӣ ва байналмилалӣ поймол шудаанд ва мардум одитарин ҳуқуқро надоранд”.
Шоир ва журналист Адиба Мирзоева чунин назар дорад: “Агар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон набошад, тоҷикон, бо вуҷуди сершуморӣ ва неруи зиёд чун миллат аз байн мераванд. Танҳо давлат манфиати миллатро ҳимоя мекунад ва ҳастии миллатро кафолат медиҳад, ному нишони миллат давлат ва миллат асли давлат аст. Дар дунё қаламравҳое ҳастанду медонем, ки пур аз тоҷикони бумианд, аммо ному нишон надоранд ва забону урфу одаташон аз байн рафта истодааст. Бидуни ғурури миллӣ мувоҷеҳи шикаст шудаанд”.
Як гурӯҳ аз занони фаъоли Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар сомонаи расмии худ чунин изҳороти мушаххас, вале таъсирбахшро чоп кардаанд: “Суханрониҳои муллою домуллою мавлавиҳои навбаромади Афғонистонро, ки тариқи сомонаҳои интернет паҳн мегардад, дидаю шунида, кас гумон мекунад, ки онҳо аз номи кадом ислом сухан мекунанд, вақте ки сураи нахустини Қуръони карим “Иқраъ” аҳли исломро ба хондан даъват мекунад.
Бо омадани "Толибон" ба сари қудрат дари мактабҳо барои занону духтарон баста шуд. Оё онҳо ҳадиси “Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз”-ро медонанд? “Омӯхтан барои марду зан фарз аст”-ро медонанд? Пас, чаро ба таҳсили занону духтарон монеъ мешаванд? Дари мактабҳоро ба рӯйи духтарон мебанданд? Аз омӯхтани касбу ҳунар маҳрум мекунанд?
Магар духтар фақат барои мутеи мард шудан офарида шудааст? Не, ҳаргиз!
Зан – модар узви комилҳуқуқи ҷомеа буда, баробари мардон ба омӯхтани илм, касбу ҳунар ҳуқуқ дорад. Занону духтарони мо ҳуқуқи худро медонанд ва фирефтаи даъватҳои зулматрасони шумо намешаванд!”.
Чунин даъватҳои мағзкуши муллотарошҳо дар ҳоле ироа мешаванд, ки мо асли воқеа ва таҷрибаҳои талхи таърихро медонем ва охири роҳи онҳо нишондода чоҳ буданашро низ хуб дарк кардаем. Даҳҳо рӯшанфикрони Афғонистон, ки ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи он фаъолият доранд, чеҳраи аслии чунин воизонро ба мо нишон доданд ва дар ҳақиқат, собит гардид:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад!
Б.САЛИМОВ, “Ҷумҳурият”