Ин рақам нисбат ба натиҷаи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –
Ватани азизи ман”-и солҳои пеш ба маротиб зиёд буда, дар ҷамъбасти даври минтақавии имсола, ки дар толори Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Меҳрубон Назаров бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор шуд, бо фараҳмандӣ зикр гардид.
Раиси вилоят зимни суханронии хеш дар чорабинӣ зикр кард: “Соли шашум аст бо иқдоми наҷибона ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории Озмун ташаккул додан ва баланд бардоштани завқи эстетикии наврасону ҷавонон, тақвияти маҳорату малакаи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодкор, ҳунарманд ва дар ин замина баланд бурдани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллию умумибашарӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, мебошад.
Мардуми тоҷик ба хубӣ дарк менамояд, ки ҳар иқдоми неки дар умқи хираду андешаи беназири Пешвои хирадманду нозукбини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфта, барои ҷомеа пешниҳод мегардад, боиси эҳё, ташаккул ва равнақи ин ё он соҳаи муҳиму зарурӣ гардида, сатҳу сифати ҳаёти ҷамъиятро баланд мебардорад. Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз ҷумлаи чунин ибтикороти беқиёс буда, самараи неки он дар панҷ соли гузанта аз ин гувоҳӣ медиҳад».
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки теъдоди иштирокдорони Озмун сол ба сол афзуда, сатҳу сифати ташкили он дар ҳамаи зинаҳо хеле беҳтар мегардад. Агар соли 2022 дар даври интихобӣ 684 нафар ширкат варзида бошад, имсол ин рақам ба 1200 нафар расид. Аз теъдоди зикршуда соли 2022 ба даври вилоятӣ 168 нафар роҳхат гирифта буд, имсол дар даври вилоятӣ 330 нафар иштирок намуд. Изҳори умед гашт, ки ғолибони имсолаи сатҳи вилоятӣ ва ҷоизадорони ояндаи даври ҷумҳуриявӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми дониш, ҳунар ва малакаи эҷодии худро ба он равона менамоянд, ки навгониҳои зиёдро дар олами санъату ҳунар ворид созанд ва дар рушду такомули фарҳанги миллӣ саҳми бориз гузоранд.
80 нафар ғолиби даври вилоятӣ бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофоти пулӣ қадр гардида, ҳуқуқи иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявӣ пайдо намуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”