Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи саноат дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Антон Алиханов дар шаҳри Екатеринбург дар доираи Форуми байналмилалии саноатии «Иннопром-2024» баррасӣ гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома мудири бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Муҳаммадвалишо Махшулов, маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот рушди муносиботи дуҷониба ва шарикии ду давлат, ки ба шарофати дастуру супоришҳои созандаи роҳбарияти олии ҳар ду давлат ва ҳамкории зичи бахшҳои дахлдор таҳким меёбад, баррасӣ гашт. Ҷонибҳо оид ба дурнамои барқарорсозии робитаҳои саноатӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии аҳолӣ аҳамияти калидӣ доранд, табодули афкор намуданд. Ба масъалаҳои кооператсияи саноатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла маъданҳои кӯҳӣ ва нассоҷӣ, ки заминаи пешрафти минбаъда хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки тавофуқоти ҳосилшуда байни роҳбарони ҳар ду давлат ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунанд. Инчунин, дар мулоқот оид ба муҳимияти рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, ки ба таҳкими савдо ва мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамоянд, изҳори назар карда шуд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва амалӣ намудани ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ нигаронда шудаанд, изҳор доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муҳокимаи нуктаҳои нақшаи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия зоҳир гашт.
Дар доираи ин нақша, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароит барои ҷалби сармоя ва табодули технология матраҳ гардиданд.
Дар охир изҳори итминон шуд, ки иштирок дар Форуми «Иннопром-2024» барои рушди минбаъдаи иқтидори саноатии ҳар ду давлат имкониятҳои беназир фароҳам оварда, ба навсозии равандҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи бозорҳои фурӯш мусоидат хоҳад кард.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”