Аз 3-юм то 11-уми июли соли 2024 дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалии ISPHO (International Scientific Physics Оlympiad) аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он панҷ толибилми Тоҷикистон иштирок намуд.
Боиси фахр аст, ки дар он хонандаҳои Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе Ҳусанҷон Салимов ва Ҳусейн Ғуломзода миёни намояндагони 23 кишвари олам маҳорати хуб нишон дода, мавқеи сеюмро ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки Олимпиадаи байналмилалии ISPHO, олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва (МФТИ) баргузор мешавад.
Ин дастовардҳои пайвастаи хонандагони мамлакат дар озмуну олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз рақобатпазир будани низоми маорифи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Муовини аввали директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе Одилҷон Маматов муваффақиятҳои пайвастаро ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ба хонандагон рабт дода, чунин гуфт: “Дар заминаи эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) пойгоҳи моддиву техникии литсей такмил ёфта, имконоти мусоид ҷиҳати азхуднамоии беҳтари фанҳои дақиқ муҳайё шуд.
Воқеан, таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосир, ташкили пойгоҳои моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ боис мегардад, ки имрӯзҳо хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои илмиву зеҳнии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои чашмрас ноил мегарданд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”