Имрӯз, хушбахтона, ба нафароне рӯ ба рӯ мешавем, ки мушкили ҷомеаро мушкили худ шумурда, барои бартараф намудани он талош меварзанд, бо амали хайру савоб номи нек ба ёдгор мемонанд.
Чунин нафарони хайрхоҳ дар ноҳияи Файзобод кам нестанд. Гадобегим Исматова, сокини деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлол, аз зумраи онҳост. Чанде пеш ин бонуи рӯзгордидаи 96-сола бо тасмими худ коре кард, ки қобили сутуданӣ ва пайравист.
Бояд гуфт, ки 18-уми майи соли равон дар пайи боришоти зиёд ба деҳаи Заркамар сел омада, ду пули мошингузарро валангор намуд. Дар натиҷа, рафтуомади мардум душвор шуд. Гадобегим Исматова, ки тули умри пурбаракати хеш шебу фарози зиёдеро тай кардааст, тасмим гирифт, то чил ҳазор сомонии барои адои маносики ҳаҷ пасандознамудаашро барои сохтмони пул бахшад. Ба ин хотир, рози дили хешро ба фарзандонаш Давлатбегу Шарифбег ифшо намуд. Ҳамин тавр, онҳо ду пули шикастаро барқарор намуданд.
Мардум амали некро ҳеҷ гоҳ фаромуш намесозад. Дар бораи чунин инсонҳо ҳамеша нек мегӯянду дуои хайр мекунанд. Сокинони деҳа аз азми пири хирад Гадобегим шоданд ва мегӯянд: «Ин пулҳоро бо маблағи барои адо ҳаҷ ҷамъкардаи бибии Гадобегим писаронаш сохтаанд».
"Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ анҷом додани амалҳои хайрро таъкид мекунанд. Мардуми мо ба шарофати истиқлол дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Барои ҳар фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад. Ҳар яки мо бояд баҳри ободу зебо гардондани манзилу маҳали зисти хеш ва дар маҷмуъ, кишвари азизамон, талош варзем.
Суханҳои падаронаи Пешвои миллат мо – соҳибкоронро водор месозанд, ки ба ободонии Ватан, таъмиру навсозии роҳу пулҳо, бунёди марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар корҳои хайр бештар таваҷҷуҳ намоем, ҷавононро бо ҷойи кор таъмин карда, ҳунару истеъдодашонро сайқал бахшем”, – мегӯянд фарзандони бибии Гадобегим.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»