Аввали моҳи июли соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҷаласаи навбатии Созмон аз нишастҳои қаблӣ бакуллӣ фарқ дошт. Дар ин ҳамоиш сарони кишварҳои узв даҳҳо созишномаи ҳамкориро дар бахшҳои энергетика, тиҷорат ва амният ба имзо расонданд, ки рушди минбаъдаи СҲШ-ро дар оянда муайян мекунанд.
Беларус узви нави СҲШ
Ташаббуси СҲШ «Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд» ва пайвастани Ҷумҳурии Беларус ба узвияти СҲШ аз пайёмҳои асосии саммити Остона буд.
– Муҳтарам сарони давлатҳо, қарор дар бораи узвияти комилҳуқуқи Ҷумҳурии Беларус дар СҲШ қабул шуд, – гуфт Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар оғози вохӯрӣ. – Беларус дар як муддати кӯтоҳ тамоми расмиёти заруриро дар роҳи узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай анҷом дод, - афзуд Президенти Қазоқистон.
Александр Лукашенко, Президенти Беларус, дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш барои афзоиши нуфуз ва теъдоди муттаҳидони СҲШ тамоми талошро ба харҷ хоҳад дод. Ӯ таъкид кард, ки шарикони Созмон аллакай лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои молӣ ва саноатӣ доранд.
– Агар мо дар Созмони худ қоидаҳои махсусро ҷорӣ кунем, на танҳо барои кишварҳои узв, балки барои кишварҳои дигар низ манфиатдор аст, – гуфт Александр Лукашенко.
СҲШ ПЛЮС
Формати нави ҳамкорӣ
Рӯзномаи ҳамоиш, ки таҳти шиори “Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд” баргузор гардид, тақвияти нақши СҲШ дар ҳалли мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Роҳбарон пеш аз ҳама ба тиҷорати байналмилалӣ ва иқтисод тамаркуз карданд. Дар ин ҳамоиш, ҳамчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, инфрасохтор, энергетика, муҳити зист, тандурустӣ, сайёҳӣ, маориф, рақамисозӣ, нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки саммити Остона аз лиҳози теъдоди ширкаткунандагон бесобиқа аст. Дар форум наздик ба 10 ҳазор нафар иштирок доштанд. Бори нахуст ҷаласа бо иштироки роҳбарони Муғулистон, Озарбойҷон, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия ва Туркманистон дар формати “СҲШ плюс” доир гардид. Инчунин, дар Остона намояндагони кишварҳои туркзабон ва араб бори нахуст дар як минбар мулоқот карданд. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зикр кард, ки чунин муколама зарур аст, зеро муноқишаҳои геополитикӣ беист идома доранд ва набудани эътимод миёни кишварҳо хеле зиёд шудааст. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар суханронии худ зикр кард, ки ҳаҷми савдои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай 8 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба чоряки тамоми тиҷорати ҷаҳонӣ баробар аст. Ба андешаи Қосим-Жомарт Токаев, эҳёи иқтисодии Осиё омили устуворкунандаи тамоми иқтисоди ҷаҳон буда, таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СҲШ аз авлавиятҳо маҳсуб мешавад.
Дар навбати худ дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Созмони ҳамкориҳои Шанхайро бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон номид.
– Ба мо аз Судон то Сахел, аз Республикаи Демократии Конго то Сомали, аз Мянма то Ҳаити сулҳ лозим аст. Дар робита ба мубориза бо терроризм СММ омода аст бо СҲШ ҳамкорӣ кунад, – гуфт Антониу Гутерриш.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои амниятӣ мақоми меҳварӣ доштанд. Пешвои миллат бехатариро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номида, таваҷҷуҳро ба зарурати идомаи тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят ҷалб карданд.
Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки ҳар чи зудтар барқарор шудани сулҳ, оромӣ ва бехатарӣ дар Афғонистон ба манфиати умумии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад. Пешвои миллат зарурати идома додани кӯшишҳоро оид ба расондани ёрӣ ба халқи бародари афғон таъкид намуданд.
Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, гуфт, ки сарфи назар аз тағйирот дар вазъияти байналмилалӣ, СҲШ бояд ҳамчун кафили амнияти муштарак ва пойдор хидмат кунад.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар суханронии худ дар нахустин нишасти СҲШ плюс тавзеҳ дод, ки чаро Созмони ҳамкориҳои Шанхай таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Ба андешаи ӯ, таваҷҷуҳ ба кори СҲШ пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки арзишҳо ва идеалҳои асосии Созмон, садоқат ба пешбурди сиёсати соҳибихтиёр, мустақил ва, ҳамзамон, хоҳиши ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дастаҷамъӣ мебошад.
– Мо манфиатдорем, ки доираи васеи давлатҳоро ба лоиҳаҳои саноатӣ, ки тавассути СҲШ амалӣ мешаванд, пайваст кунем. Шурои тиҷоратии СҲШ, Ассотсиатсияи байнибонкӣ ва Форуми сарони минтақаҳо низ барои ҳамкорӣ омода ҳастанд, – гуфт Владимир Путин.
Ба имзо расидани 24 ҳуҷҷат
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Қазоқистон, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарони давлатҳои СҲШ 24 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Остона, Ташаббуси СҲШ «Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд», қарорҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035, оид ба пешниҳоди Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба такмили фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, дар бораи ба итмом расондани тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвият дар СҲШ ва ба он додани мақоми давлати узви Созмони ҳамкории Шанхай, дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ барои солҳои 2025-2027, дар бораи тасдиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2024-2029 ва Барномаи амал оид ба татбиқи он, қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди ҳамкориҳои энергетикии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай то соли 2030 ва дигар санадҳо ба имзо расид. Мавриди зикр аст, ки раёсати ин созмон аз Қазоқистон ба Чин гузашта, намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев дабири кулли СҲШ барои солҳои 2025-2027 интихоб шуд.
СҲШ дар рақамҳо
Созмони ҳамкории Шанхай яке аз бузургтарин созмонҳои байналмилалӣ мебошад, ки аз ҷониби Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъсис ёфтааст. Баъдан, Ҳиндустону Покистону Эрон ва соли равон Беларус ба ин Созмон пайвастанд. Кишварҳои иштирокчӣ 80 дарсади қитъаи Авруосиё – 34 миллион километри мураббаъро ишғол мекунанд. Шумораи умумии аҳолии кишварҳои СҲШ қариб 3,4 миллиард нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан нисфи одамони сайёра аст. Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои СҲШ беш аз 23 триллион доллар ё чоряки маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад. СҲШ аз рӯи истихроҷи ангишт, нафт, газ, металлҳои сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.
Кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянма, Непал, АМА, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка шарики муколамаи СҲШ мебошанд. Афғонистон ва Муғулистон ҳамчун кишварҳои нозиранд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”