Бунёду барқарорсозии иншоотҳои бузурги стратегиву ирригатсионӣ барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон хизмат хоҳанд кард.
Эмомалӣ РАҲМОН
Моҳи октябри соли 1969 бо кӯшишу талошҳои роҳбарияти вақти Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони иншоотҳои стратегӣ ва нақбҳои ирригатсионӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби марказ – давлати Иттиҳоди Шуравӣ (СССР) якбора се лоиҳаи асосӣ пешниҳод гардид. Якум, бунёди нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара барои обёрии 100 ҳазор гектар замин, дуюм, бунёди шаҳраки Себистон барои истиқомату истироҳати нақбканон, сеюм, кандани нақби 2-километраи Гумсу барои обёрии зиёда аз 2 ҳазор гектар замини бекорхобидаи даштҳои Калташӯр ва бо роҳи худҷорӣ бо об таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ. Инчунин, бо оби нӯшоӣ ва полизӣ таъмин кардани чор ноҳияи вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон). Хушбахтона, соли 1969 аз таркиши аввал корҳо дар бунёди нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара оғоз ёфтанд. Вале, мутаассифона, бо сабабҳои камбуди молиявӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа, нақби 2-километраи Гумсу муваққатан ба дигар муҳлат, аниқтараш баъди ба истифода додани нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, мавқуф гузошта шуд. Инак, нақби мавқуфгузошта 55 сол мешавад, ки ба фаромӯшӣ рафтааст. Ҳеҷ нест, ки кори он оғоз ёбад. Соли 1986 баъди ба истифода додани нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, дар асоси нақшаи корӣ, мебоист кор дар нақби 2-километраи Гумсу оғоз меёфт. Мутаассифона, роҳбарияти вақти Тоҷикистон, нисбат ба ин нақби асосӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, оғози кори нақбро аз роҳбарияти марказ, яъне аз давлати Иттиҳоди Шуравӣ, талаб карда натавонистанд.
Имрӯз банда ҳамчун собиқадори соҳаи матбуот ва мутахассиси соҳаи нақбканӣ, мехоҳам ин нақби фаромӯшшударо ба унвони роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намоям, ки ба манфиати кор мебошад. Барои бунёди нақби 2-километраи Гумсу имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки имкониятҳои молиявию техникӣ дар кишвар хеле зиёд мебошанд. Боварӣ ҳаст, ки баъд аз ба нашр расидани мақолаи мазкур бо дастгирии Ҳукумат ин масъала ҳалли худро меёбад ва корҳо дар ин нақби асосӣ оғоз меёбанд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар мутахассисони соҳаи нақбканӣ пурра мерасанд. Агар корҳо дар нақби Гумсу оғоз ёбанд, албатта, ин ба манфиати мардуми кишвар хоҳад буд. Зеро барои сохтмони нақбу каналҳои обгузар, тайёр кардани обанборҳо ва киштукори заминҳо баъд аз ба истифода додани нақб, ҳазорҳо нафар соҳиби кор мешаванд, ки ин аз манфиат холӣ нест.
Холназар КАСИРОВ, мутахассиси соҳаи нақбканӣ