Бо туям, эй миллати фарзонаи Тоҷик!
Бо туям, эй миллати фарзонаи Рус!
Бахт мехоҳам ба ҳар кошонаи Тоҷик!
Бахт мехоҳам ба ҳар як хонаи Рус!
Дӯст медорам, ки бошад миллати некӣ,
Дӯст медорам, ки бошад миллати покӣ.
Дӯст медорам, ки бошад
Миллати шеъру абармардони афлокӣ.
Дӯст медорам, ки бошад миллати эҳёву фар
Бар алайҳи ин ҳама шӯру шарар.
Бар алайҳи ин ҳама иғвову шар,
Миллати руҳи баланде мисли Рус,
Миллати кӯҳи баланде
Дар мисоли тоҷики некуназар.
Бо хабисон нестам,
Бо касифон нестам,
Бо фиребу макри шайтон нестам,
Хоса, бо ин қотилони ғайриинсон нестам,
Ҳеҷ гоҳе нестам ман бо фашистони лаин.
Пешвои мо чӣ неку гуфт:
Ҳеҷ ифротӣ (террорист) надорад меҳане!
Омин!
Тоҷикам аз кишвари сарводаҳо,
Бо туям, Сергей Есенин,
Евтушенко, бо туям,
Бо ту, Лермонтов,
Бо ту Турсунзода, бо Муъмин Қаноат,
Бо ту, Лоиқ, бо ту, Бозор,
Бо ту, Гулрухсор!
Бо ту, Пушкин!
Нестам аз аҳли кина,
Нестам аз тухмаи кин.
Он қадар ман ҳамнишини ин абармардони дунёи адаб будам,
Он қадар бо Толстою Чехову Гогол
Роҳҳое бар диёри безаволӣ мекушудам,
Хештанро мефузудам.
Ҳамчунин, амсоли ман дар ин радиф
Он қадар Сергей Есенин,
Он қадар Пушкину Лермонтов
Ошиқи шеъри баланду дилрабо буданд,
Ошиқи Ҳофиз,
Ошиқи Хайёму Саъдӣ,
Ошиқи “Шаҳнома”, яъне,
Ҳамдилу ҳамруҳи мо буданд.
Нағз дорам ёд, Путин гуфта буд:
Дар варои хастагӣ ҳар шом,
Ҳамнишини ӯ бувад Хайём,
Раҳнамои ростини ӯ бувад Хайём.
Андар он кишвар, ки номаш дилрабоист,
Андар он кишвар, ки номаш илму фарҳанг аст,
Мо ҳамеша ҳамватан будем.
Буд давроне, к-алайҳи душманони ҷонамон
якҷону тан будем.
Пас ҳама ин макр, ин ҳангомаҳои душманон,
Метавонад кушт моро!?
Аллакай, бингар, ки андар хоку хун оғушт моро?!
Ин қадар олуда карду кард маҷзуб
Сулҳро, меҳру муҳаббатро, вафоро!
Бин, ки ин хушбоваронро
Фанд доду ром кард,
Зиндагониро ба иғвое чӣ ноором кард,
Миллати покизаойинро чи сон бадном кард...
Нафрати ман бод бар ифротиёну ҷумлаи ифрот!
Бар таассубу хурофоту ҳама офот!
Нестам, ҳаргиз набудам ҳамватан ман
Бо чунин афрод!
Андар он кишвар, ки номаш ҳамдиливу дӯстдорист,
Мо ҳама будему ҳастему ба ҳам хоҳем буд
Ҳамниҳоду шод.
В-арна мирад ишқ,
В-арна мирад меҳр,
В-арна мирад боварӣ,
Дар ҷаҳон чизе намемонад дигар.
Аз чунин бемоягиву доварӣ.
Пас чӣ суд аз зиндагонимон, чӣ суд!?
Мақсади душман аз ин иғво ҳамин оё набуд!?
На! Намесозам баробар хешро бо миллати дигар,
Балки месозам бародар хешро бо миллати дигар.
Ҳеҷ гаҳ, бо ҳеҷ ваҷҳе
Меҳани худро бадал бар меҳани дигар нахоҳам кард!!
Оби поки чашмаҳояшро иваз, ҳатто, ба оби Чашмаи Кавсар
нахоҳам кард!
Лек агар бошад ба дунё кишвари одамгарӣ,
Сарзамини родмардӣ, хайру некӣ,
Шаҳрванди аввалини он манам!
Бо ҳама хубони олам, бо ҳама некони гетӣ
Ҳамдилу ҳаммиллату ҳаммеҳанам!
Ман паёми дӯстӣ овардаам аз Тоҷикистони биҳиштосо,
Аз диёри хайру некиву муҳаббат,
Аз диёри ростону ростин,
Бар ҳама халқи муҳаббатхоҳ дар рӯи Замин,
Бар русу чиниву ҳиндуву араб,
Ҳам ба Амрикову Ҷопону Бритону Фаронса
Ҳам ба халқи белорусу украин...
Тоҷикам ман, миллатам ноком нест,
Миллати Синову Мавлоност,
Миллати фархундаи мардони ҳикматофарин аст,
Миллати хеле фурӯтан, хоксор,
Миллати заҳматкаши рӯи Замин аст.
Балки дар сидқу футувват, дар ҷавонмардиву ҳикмат,
Дар фурӯғи ҳикмати нобиғагонаш,
Бо мақоми хеш дар чархи барин аст!
Решаҳои мо, забони гулфишони мо гувоҳ аст,
Мо дар умқи тираи таърих аз як решаву хешем,
Гап сари ин нест, мо
Дар ҷаҳони илму фарҳангу адаб ҳамҷинсу ҳамкешем.
Бо туям ман, миллати фархундаи Рус!
Бо туям ман, миллати фархундаи Тоҷик!
Бо туям ман миллати бекинаи аҳли башар!
Нестам бо ин хабисони лаъин,
Ин палидоне, ки пайванде надоранд,
Бо ягон миллат,
Бо ягон кишвар,
Бо ягон дин,
Гарчи русу тоҷиканду украин...
Камол НАСРУЛЛО