Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидон - ин таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад, зеро ояндаи неку дурахшони миллату давлат аз ашхоси соҳибмаърифату дорои одобу фарҳанги баланд вобаста мебошад. Пеш аз он ки, ба мавзуи мазкур равшанӣ андозем, қабл аз ҳама, бояд ба мафҳуми таълим ва тарбия сарфаҳм равем. Мафҳуми таълим ин раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак буда, мафҳуми тарбия - ин ба воя расондани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.
Қабл аз ҳама, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зерин дарҷ гардидааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».
Тибқи ин Қонун, падару модар дар тарбия ва таълими фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд: ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузошта, пас аз таваллуд ӯро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит фароҳам оварда, ӯро ба зиндагии мустақилона омода созанд; фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то 20-солаашонро манъ кунанд; аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат баранд; дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи ойинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд ва ғайра.
Ҳангоми риоя нагардидани уҳдадориҳои зикршуда, мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои падару модар ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди огоҳӣ ё ҷарима пешбинӣ шудааст.
Масъулият ин дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд: "Фарзанд азиз аст, лекин одобаш аз он азизтар”. Маънии зиндагии мо маҳз ба воя расондани фарзандони солимақл ва бедордил мебошад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан, падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак, ин омил метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони худро ба омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагӣ ҳидоят намуда, онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва меҳнатдӯстиву худшиносӣ тарбия намоянд.
Ҳикматулло САФАРОВ, котиби муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе
Ёқуб РАҶАБАЛИЗОДА, корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе