Ба куҳандиёри зебоманзари мо, ки биҳиштро мемонаду меросбари Давлати Сомониён аст, боз фасли зебо, фасли гулҳо, фасли эҳё, фасли оламафрӯз, фасли хушрӯз – оғози солу оғози кор фаро расид. Ҳоло дашту ҳомун ҳама андуда бо лолаҳои худрӯ ва табиат ба сони наварӯсе чеҳра ороста. Олам дар арсаи таҷаддуд ва эҳёст. Ва ҳамаи ин зебоӣ ва дилрабоии табиат аз файзи Хуршеди оламорост. Дар ин рӯзҳои нахусти баҳор Хуршеди гетифурӯз гӯё ба замин файзи нав ато мекунад.
Наврӯз аз қадимулайём пуршукӯҳтарин иди мардуми мо буд. Одатан як моҳ қабл аз оғози Наврӯз паҳлавонон ба машқҳои муттасили гӯштин мепардохтанд, аспҳоро махсус барои пойга ва бузкашӣ омода мекарданд. Мутрибон созу навоҳои баҳорӣ аз бар мекарданд, занҳо барои аҳли хонавода ба қадри имкон сарулибоси идона дӯхта, ба ороиши ҳавлию хонаҳо мепардохтанд.
Бо фаро расидани Наврӯз дар кӯҳистон бачаҳо суруди «Бойчечак»-ро мехонанд ва ба ҳар хона рафта, ба мардум муждаи баҳорро мерасонанд. Таманно мекунанд, ки аҳли хонавода сиҳату саломат, рӯзгорашон пурфайз ва ҳосили кишт аз офатҳо эмин бошад.
Маросими “Ҷуфтбаророн” аз тарафи мардуми кӯҳистон ботантана истиқбол мешавад. Марди деҳқон дар ин рӯзи саид ҳамаи он нозу неъматҳоеро, ки бо неруи бозу ва арақи ҷабин офаридааст, ба рӯи дастархон меорад, нахуст, мӯйсафедони кордида бо нияту муроди нек ба замин дона мепошанд ва сипас, ҷавонмардон ҷуфт меронанд:
Дона мепошад ба ният
Пирамарди деҳқоне.
То заминро як огард,
Ҷуфт кунад ҷавоне.
Аз он чи гуфта шуд, қисми зиёдаш дар байни мардум то ба имрӯз боқӣ монда ва бисёр чорабиниҳои замонавӣ зинатбахши иди баҳор гардидаанд. Минҷумла, кулли мардуми кишвар дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба шинондани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан ва ободии диёр машғул мешаванд.
Мояи ифтихор аст, ки моҳи феврали соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои дигар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 64-умин нишаст Наврӯзро Ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва солҳост, ки ин иди миллии мо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Қобили зикр аст, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз боз ҳам мақоми Мероси ҷаҳонии инсониятро ба даст овард. Қарори пазируфтани Ҷашни Наврӯз ба феҳристи «Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ» 30 ноябри соли 2016 дар 11-умин ҷаласаи Муассисаи илм ва фарҳанги СММ, ки дар шаҳри Аддис Абеба - пойтахти Эфиопия доир шуд, қабул гардид
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои гуногуни мардумӣ аз нав эҳё гардиданд ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Махсусан, Ҷашни Наврӯз бо кӯшиши Сарвари давлат, мақоми баланд ва арҷи арзанда дар кишвар пайдо кард ва ба Ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Мутаассифона, дар замони шуравӣ Наврӯз ба таври расмӣ таҷлил намешуд. Он солҳо кормандони ҳизбии шуравӣ ва, ҳатто бархе аз олимон, ки аз гузаштаи худ бехабар буданд, Наврӯзро иди динӣ меҳисобиданд ва мехостанд, ки онро аз ёди халқ бибаранд. Мавриди мувофиқ аст, ки ин ҷо аз бузургтарин шоири миллат устод Мирзо Турсунзода ёд бикунем. Чаро ки устод аз он фардҳои миллат аст, ки дар эҳёи Соли нави тоҷикон – Наврӯзи Аҷам саҳми босазое доранд. Дар иртибот ба ин, порае аз хотироти шодравон Убайд Раҷабро рӯи коғаз меоварам, ки соли 1988 иншо шуда буд:
“Чанд сол аст, ки Наврӯзи оламафрӯзро бо шукӯҳу шаҳомати қадимааш набошад ҳам, халқ ҷашн мегирад, бо номи ҳақиқияш, бо суннати деринааш. Ҳол он ки понздаҳ сол муқаддам ҳамчун иди миллат, ҳамчун Соли нави ориёӣ, ҳамчун оғози баҳор ва фаро расидани мавсими киштукор ҷашн гирифтани Наврӯз басо муҳол буд.
Сарварони ҷумҳурӣ аз ид кардани Наврӯз меҳаросиданд, дин, ки афюн аст, Наврӯзро ҷашн гузоридан ба қувват гирифтани дин роҳ додан аст, мегуфтанд. Аммо устоду ҳамсафонашон дар хусуси Иди Наврӯз андешаи дигар доштанд. Нағз медонистанд, ки Наврӯз бо ислом алоқаманд нест, ин иди чандҳазорсола аст. Наврӯз иди миллии мардуми ориёист, дар олами араб ҷашн намегиранд, хосса идест мағз андар мағз халқӣ.
Таҳти раҳнамоии устод Мирзо Турсунзода паи зинда гардондани Наврӯз камар бастем: коре, ки даставвал анҷом додан хостем, китобест, ки аз наврӯзномаи шоирони гузашта гирд омада. Бо уламое, ки дар чопи осори бузургони адабиёт ранҷ бурдаанд ва наврӯзномаҳоро хуб медонанд, сари суҳбат нишастем ва бо кумакашон беҳтарин пораҳоро рӯи коғаз овардем ва бо муқаддимае ба чоп ҳозир кардем ва «Наврӯзӣ» ном ниҳодем.
«Наврӯзӣ» чанд сари сол ба табъ расид, ба мардум хуш омад. Аммо устод қонеъ набуданд. Кор як навъ рустӣ сурат мегирифт. Чаро аз боби Наврӯз рӯйрост сухан накунем? Чаро тавассути садо ва симо ва матбуот аз хусуси Наврӯз бо халқ суҳбат наороем? Чаро ид кардани Наврӯзро ба расмият надароварем ва бо оини рӯзгори навин пурра нагардонем?
Устод пайт поиданд, ки дар бобати ҷашн гирифтани Наврӯз бо роҳбарони ҷумҳурӣ гуфтугӯ ба миён оваранд: саҳеҳ фаҳмонанд, ки тасаввури онҳо роҷеъ ба ин ҷашн ғалат аст, Наврӯз иди халқ аст, монеаш нашаванд ва муқобили хости халқ иқдом наниҳанд, халқ бузург аст ва тавоно.
Нияти устод вақте рӯи об баромад, ки дар арафаи Наврӯз Ҷаббор Расулов як гурӯҳ шоиру нависандаро барои мулоқот назди худ хонд.
Фурсат, ки мусоид афтод, адибон аз хусуси Ҷашни Наврӯз гап кушоданд.
- Наврӯз шуд, баробар шабу рӯз шуд, – гуфт Боқӣ Раҳимзода.
- Зулмоти зимистон рафту нури баҳорон дамид, - илова карданд устод, - халқ расидани Наврӯзро дар рубоие хуб сурудааст.
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,
Мурғони чаман ҷумла бикарданд парвоз,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
- Мирзоҷон, Наврӯз иди халқ аст, – гуфт Боқӣ Раҳимзода пиёлаи чойро ба лаб бурда, - бинобар ин, меҳраш аз дили халқ намеравад, ба сад роҳ манъ кунӣ ҳам, ҷашн мегиранд.
- Барои чӣ Наврӯз? Иди Лола ё Баҳор гӯему ҷашн гирем чӣ? – саволомез сухан кард Ҷаббор Расулов.
- Чаро номи чандинҳазорсолаи иди халқро дигар кунем? Мо ба ин ид ном нагузоштаем ва ҳаққи онро тағйир додан ҳам аз мо нест, - ба суҳбат ҳамроҳ шуданд устод. – Аз Наврӯз гуфтан набояд ҳаросем. Калимаи Наврӯз айбе надорад. Аз талаффузаш набояд ор кард.
Ранги рӯи устод тағйир ёфт. Равшан буд, ки ҳалқашон хушк мешавад.
- Наврӯз иди танҳо як худи мо нест, домулло, - гуфт Боқӣ Раҳимзода, - тамоми Машриқзамин ид мекунад Наврӯзро.
- Ҳалқи мо ҳам ид мекунад, танҳо рустӣ. Чаро пинҳонӣ ҷашн мегирад? – бо ҳамон оҳанги пешина гуфтанд устод. – Идро манъ карда, халқро аз суннати деринааш маҳрум месозем, ки зиён аз суд хоҳад афзуд.
Чанд нафар дар мавзуи Иди Наврӯз ва шукӯҳу шавкати он гарм сухан гуфтанд. Ҷаббор Расулов аз зери айнак аввал ба чеҳраи тафсидаи устод, пасон ба чашму рӯи ҳар кадом сухангӯй нигарист ва суҳбати атрофи Ҷашни Наврӯзро як навъ ҷамъбаст кард.
- Бовар кунондед, ки Наврӯз иди хуб аст, иди баҳор, иди киштукор, иди лола. Бигузор мардум ид кунанд, фақат бо сифатҳои нав бой кардан даркор аст.
Масъала, ки ранги дигар гирифт, баъзеҳо луқмаҳо партофтанд:
- Хуб мешавад, ки иди баҳор маликаи худро дошта бошад!
- Дар рӯзи ид дар ноҳияҳо бузкашӣ ва гӯштигирӣ шавад!
- Ба шонздаҳсолаҳо дар ҳамин рӯз шиноснома диҳанд…
Маслиҳат бисёр шуд. Устод бо рӯймолча арақи ду бари рӯйро пок карданд, маълум буд, ки таъсири асабоният ҳанӯз нарафтааст, дарун – дарун месӯзанд.
Он рӯз аввалин як гӯшаи яхи монеа шикаст. Аз ҳамон сол шуруъ карда, Наврӯзро расман ҷашн мегирифтагӣ шуданд. Аммо бо номи каме дигар, зери номи Иди баҳор ва киштукор.
Чанд сол аст, ки халқ Наврӯзро бо ном ва суннати қадимааш ҷашн мегирад ва ҳар бор, ки субҳи Наврӯз чеҳра барафрӯзад ва бо нияти тамошо аз хона бадар оям, талоши онрӯзаи устод барои ҷашнгирии Наврӯз ба хотирам мерасад ва симояшон пеши назар меояд: каме асабӣ шудаанд, ду рӯяшонро арақ гирифтааст, бо рӯймолча рӯй пок мекунанд…”
Устод Боқӣ Раҳимзода дар васфи Наврӯзи хуҷастапай таронаҳои дилангезе ба ёдгор гузоштаанд. Ҳатто устод Боқӣ зиёда аз ним қарн пеш танзомез гуфта буд:
Агар як сол н-ойӣ даҳр пир аст,
Ба номат сад қасам дунё ҷазир аст.
Машав ғамгин агар ҷашнат нагиранд,
Ки номат сархату туғрои шеър аст.
Вақте ин нигоштаро рӯи коғаз меовардам, ба худ гуфтам: “Эй кош, имрӯз устодон Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода зинда мебуданду бо чашмони сар медиданд, ки дар саросари кишвари эҷодҳо ва маҳзари бунёдҳо Тоҷикистони хуршедӣ Наврӯзи оламафрӯз ва меҳрафрӯз бо як шукӯҳу ҷалоли хоссае таҷлил мегардад, ки таърих назирашро надидааст.
Баҳор имсол хуштар менамояд,
Арӯси тозаахтар менамояд.
Назар бар порсола Тоҷикистон,
Худоро шукр беҳтар менамояд.
Карим МӮСО, нависанда