Ҳамкориҳо дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо дар ҳоли рушд аст
Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024), муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳoким Холиқзода дар қароргоҳи СММ бо муовини Дабири кулли Созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар додааст, ки зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла соҳаҳои обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо, баррасӣ гардиданд. Дар баробари ин, вобаста ба истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манфиати он ба минтақаи Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал манзур шуд.
Мавриди истифода қарор гирифтани 34 муассисаи тандурустӣ
Дар ҷумҳурӣ соли равон 34 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 44,1 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Дар ин давра 110 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 14,6 миллион сомонӣ таъмир шуд, ки ҷиҳати дастрасии бештар ба хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як қатор муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас гардид.
Мубодилаи таҷрибаи намояндагони Тоҷикистон дар Гурҷистон ва Арманистон
Аз 10-ум то 17-уми июл намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, ҷиҳати табодули таҷриба дар Гурҷистон ва Арманистон, дар чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти молия иштирок менамоянд.
Хадамоти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар додааст, ки ҳадаф аз он шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷет ва самаранокии истифодаи буҷети таҳсилоти Гурҷистон ва Арманистон мебошад.
Дар чорабиниҳо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар идораҳо иштирок доранд.
Баррасии масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Тоҷикистон баргузор гашт.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мо иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҷаласа шарҳи муфассали Стандартҳои байналмилалии мавҷудаи ESG-ро шунида, масъалаҳои таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар ҷоринамоии он, тартиби роҳандозӣ ва риояи стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративиро баррасӣ намуданд.
Ҳамкориҳои Маркази миллии патенту иттилоот ва Ташкилоти патентии Авруосиё
Байни Маркази миллии патенту иттилоот ва Ташкилоти патентии Авруосиё дар соҳаи ҷустуҷӯи иттилоот ва баррасии аризаҳо барои додани патент ба ихтироъ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз Маркази миллии патенту иттилоот ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки Марказ, ҳамчунин, бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ба имзо расонд. Созишномаҳо дар доираи ҷаласаи 65-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар 44-умин ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ба имзо расиданд.
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». БА ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН 525 ДОВТАЛАБ РОҲХАТ ГИРИФТ
Дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 525 довталаб иштирок мекунад. Дар ин хусус ба мо аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Мақсад аз баргузории Озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.