Дар шаҳри Караҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоиш таҳти унвони “Шаби бузургдошти фарҳанги Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он филми мустанади коргардон Масъуди Аминӣ Тиронӣ "Дур машав" намоиш дода шуд. Филми мазкур пиромуни осор ва зиндагии устоди зиндаёд, фалаксарои барҷастаи тоҷик Давлатманд Холов ҳикоят мекунад.
Ин мустанад моро ба шабе дар шаҳри Порис (Париж) мебарад, ки пире Дарвеш ва жулидамӯй шеъреро ба Давлатманд туҳфа медиҳад ва меравад ва дар ғубори лаҳзаҳо нопадид мешавад!
Ҳилат раҳо кун, ошиқо, девона шав, девона шав!
Ин мисрае аз ғазали Мавлонои шӯридадил оғози таҳаввуле дар замири устод Давлатманд мешавад, ки бар он суруди зебо баста, онро тайи бисту панҷ сол дар Эрону Тоҷикистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо иҷро кард. Ҳамчунин, дар ин мустанад аз ҳамкорӣ ва дӯстии самимонаи устод Давлатманд бо устод Шаҳроми Нозирӣ ёд мешавад.
Пас аз пахши филми мустанади «Дур машав», ки бо истиқболи ширкаткунандагон мувоҷеҳ шуд, доктор Акбари Эронӣ, раиси муассисаи пажӯҳишии мероси мактуби Эрон, аз шахсияти Давлатманд ва низ аҳамияти равобити фарҳангии Эрону Тоҷикистон ёд кард.
Сипас, паёми видеоии устод Шоҳмансур Шоҳмирзо пахш шуд, ки батафсил зиндагинома ва осори Давлатмандро баршумурд. Ҳамчунин, устод Ҷаъфарӣ ва доктор Расулӣ зимни баёни ҷойгоҳи Давлатманд, бар аҳамияти нақши фарҳангу ҳунар ва шеъру адабиёт ва низ гардишгарӣ дар пойдорӣ ва густариши равобити ду кишвар таъкид намуданд.
Дар бахши дувум, ҷаласаи пурсиш ва посух дар бораи сарзамин ва мардуми Тоҷикистон ва роҳҳои густариши равобит сурат гирифт, ки оқоён Акбари Эронӣ, Муҳаммади Ҷаъфарӣ Қанавотӣ, Ҷаводи Расулӣ ва Муҳаммадризо Шабонкора ба пурсишҳои ширкаткунандагон посух доданд.
Муҳаммад Ризо ШАБОНКОРА,
узви Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон, шаҳри Теҳрон