Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири кишвар, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ иштирок карданд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 21472 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1873,9 миллион зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти рустанипарварӣ 14802 миллион сомонӣ ва чорвопарварӣ 6670 миллион сомониро ташкил дод.
Моҳҳои январ-июни соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 685340 тонна, картошка 267111, сабзавот 1265249, полизӣ 412965, мева 224826, ангур 2705 ва хӯроки чорво 453059 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорво ба 107,6 ҳазор тонна баробар гардид.
Дар ҷаласа, инчунин, сардорони сарраё-сатҳои кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи Вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа маълумот доданд.
Аз тарафи раёсати ҳайати мушовара ба масъулон барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа Сулаймон Зиёзода баромад намуда, масъулонро барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»