(Хитобаи Сарвари кишварам Эмомалӣ Раҳмон)
Меҳан аз ағёр эмин доштем,
Боғро аз хор эмин доштем.
Тоҷикистон дар сари як мӯй буд,
Бурда сар бар дор эмин доштем.
Ёр ҳам гоҳе хиёнат кардааст,
Хешро аз “ёр” эмин доштем.
Ин ҳама осор осон н-омадаст,
Баъди сад озор эмин доштем.
То нагардад туъмаи оташ китоб,
Ҳамчу як тӯмор эмин доштем.
Як нафас ором будан марг буд,
Хешро бо кор эмин доштем.
Шаъни миллат буд оина, варо
Байни ин куҳсор эмин доштем.
ДИГАР ҲАҚҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРЕМ!
Ватанатонро соҳибӣ кунед, нагузоред, ки боз
ба гардани мо "зангӯла"-и дигар банданд...
Эмомалӣ Раҳмон
Шумо гар аҳли инсофу сафоед,
Барои қисмати худ босипосед.
Нагардад то ки такрор он мусибат,
Шумо Суҳробҳои худ шиносед!
Дигар Таҳминаҳо аз гиря беҳол,
Барои "туҳфа" мулке ҳам намонда.
Дигар ҳаққи хато кардан надорем,
Раҳи баргашт бар Рустам намонда.
Ҳамин хоку ҳамин об аст боқӣ,
Ҳамин тахту ҳамин тоҷ аст дигар.
Бикун бо машъали ақлат фурӯзон,
Ба нури дидаҳои худ мунаввар.
Шумо Суҳробҳои худ шиносед,
Гиребонгири якдигар набошед.
Зи ҳар сӯ душманон оташ ба дастанд,
Шумо оташ бад-он равған напошед...
АВРАНГ
Душанбе аз гилу санги Ватан шуд,
Ба ранги тоза ҳамранги Ватан шуд.
Зи фазлу фитрати фарзандҳояш
Душанбе тахти фарҳанги Ватан шуд.
Фари шоҳаншаҳӣ дорад фазояш,
Нахустиншаҳри авранги Ватан шуд.
Мунаввартар аз ӯ шаҳре надорем,
Ба ҳусни тоза Аржанги Ватан шуд.
Муҳаббат резад аз рӯди равонаш,
Гулу булбул ҳамоҳанги Ватан шуд.
Дар ин ҷо занги бедорӣ баланд аст,
Душанбе мактабу занги Ватан шуд.
Дар ин ҷо тоҷи тоҷик бошукӯҳ аст,
Душанбе асли авранги Ватан шуд.
СОҲИБИ ТОҶ ШУДЕМ
Боз бо лутфи Худо соҳиби ин тоҷ шудем,
Гарчи бар тири адуи хеш омоҷ шудем.
То ба ин тоҷ сару даст шикастанд басе,
То ба ин тахт ҷигар сӯхта тороҷ шудем.
Роҳи мо буд харобу пайи мо хуну хатар,
Ҷон сипар карда, сипас соҳиби меъроҷ шудем.
Бар замини худамон дода ҳазорон андоз,
Гаҳ ғуломею гаҳе муттаҳами боҷ шудем.
Гарчи сад пушт ҳама меҳрпарастӣ кардем,
Дар кафи тӯдаи савдозада вартоҷ шудем.
Аз қазо қиссаи Суҳроб зи нав шуд такрор,
Сари ҳам хурда гаҳе дастаи амвоҷ шудем.
Ту ба даҳрӯза фароғат нафурӯш ин фарҳанг,
Баски даҳ аср ба ин мартаба муҳтоҷ шудем.
Ҳар гаҳе вожаи “Тоҷик” шунидӣ, ёд ор,
Бо ғаму ранҷу ано соҳиби ин тоҷ шудем!
Бузургмеҳри БАҲОДУР