15-уми июл дар шаҳри Ню-Йорк Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гашт, ки дар он муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар хабари пахшнамудаи Намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар СММ гуфта мешавад, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар панҷ соли охир Тоҷикистон тавонист рушди иқтисодиро дар сатҳи миёнаи солонаи 7,4 дарсад нигоҳ дорад ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 2,3 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 2003 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфт.