16-уми июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус таҳти роҳбарии вазирон Рамазон Раҳимзода ва Иван Кубраков баргузор шуд.
Тибқи иттилои пахшнамудаи АМИТ «Ховар», зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилона, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, роҳҳои муассири мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткориҳо баррасӣ шуданд.