Дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар Ню-Йорк вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо намояндаи махсуси оби Шоҳигарии Нидерланд хонум Майке ван Гиннекен мулоқот намуд.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо хабар доданд, ки дар вохӯрӣҷонибҳо вобаста ба ҳамкории муштараки давлатҳо дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, пешбарии мавзуи об дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29), ибрози назар намуданд.