Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба сифати Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, бозтоби дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ, арзиши бебаҳои сулҳу ваҳдати миллиро рисолати бунёдии худ мешиносад. Аз ин рӯ, табиист, ки дар бозтоби ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» амал менамояд, нақши фаъол дорад.
Ҳайати эҷодии рӯзнома ин ҳақиқатро дарк менамояд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Ин нукта 16-уми июли соли равон дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки бо иштироки Мавзуна Раҳматуллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Дилноза Азимзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи кумитаи мазкур ва Зариф Сафаров, раиси Шурои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, доир гардид, баён шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода оид ба фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2023 то июни соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда шунида шуд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” фаъолиятро зери роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, инчунин, Оиннома ва Барномаҳои Ҳизб ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонд.
Ба қавли мавсуф айни ҳол дар ташкилот 28 аъзои ҳизб муттаҳид мебошад, ки 11 нафари онҳо бонувонанд. Дар давраи ҳисоботӣ боз 8 корманди рӯзнома барои ба сафи ҳизб қабул шудан ариза пешниҳод намуданд. Рисолати ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият”, пеш аз ҳама, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намудан ба мардум мебошад.
Дар ҷаласа ба ин нукта ишора рафт, ки ташкилоти ибтидоӣ бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар руҳияи ватандориву хештаншиносӣ, тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногунро ба таври доимӣ роҳандозӣ менамояд.
Мавзуна Раҳматуллозода оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард: “Боварии комил дорем, аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” дар соли таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа, инчунин, нақшаҳои иқтисодии базимадошта аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода мебарад”.
Дар маҷлис раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз нав таъин гардида, ҳамчунин номзадии вакил ҷиҳати намояндагӣ дар Конфронси 39-уми ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод гардид. Тибқи ҳамин тартиб, бо ҷонибдории аксарият Қурбоналӣ Раҳмонзода, раис ва Муҳаммадзоиршо Шарифзода муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият” интихоб шуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”