Як моҳи охир дар Олмон Чемпионати Аврупо оид ба футбол ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷоми Амрико доир гаштанд.
Дар қораи Аврупо тими миллии Испания ғолиб омад. Он дар бозии финалӣ, ки шаби 14 ба 15-уми июл дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Берлин доир гашт, мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, маротибаи чорум унвони чемпиони Аврупоро ба даст овард. Футболбозони испанӣқаблан солҳои 1964, 2008, 2012 ғолиби Ҷоми Аврупо гашта буданд.
Қобили зикр аст, ки дастаи миллии Испания дар ин мусобиқа ягон бозиашро набохт: дар даври гурӯҳӣ бар мунтахабҳои Хорватия (3:0), Италия (1:0), Албания (1:0), ҳашякфинал Гурҷистон (4:1), чорякфинал Олмон (2:1) ва дар нимфинал бар Фаронса (2:1) пирӯз омад. Нимҳимоятгари тими миллии Испания Родриго Эрнандес беҳтарин бозигари мусобиқа, ҳамдастааш, ҳамлавар Ламин Ямали 17-сола беҳтарин бозигари ҷавони мусобиқа эътироф гаштанд.
Дар Ҷоми Амрико бошад, ки бори аввал бо иштироки тимҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Амрикои Шимолӣ доир гашт, Аргентина ғалаба кард.
Аргентиниҳо дар бозии ниҳоӣ, ки субҳи 15-уми июл баргузор шуд, Колумбияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, маротибаи 16-ум соҳиби ҷом шуданд. Уругвай дар бозӣ барои ҷои сеюм Канадаро шикаст дод (2:2, пеналти 4:3).
Ҳамлавари тими миллии Колумбия Ҳамес Родригес беҳтарин бозигар, дарвозабони Аргентина Эмилиано Мартинес беҳтарин дарвозабони мусобиқа эътироф гаштанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”