Роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили пахта дар мавсими имсола ва солҳои баъдӣ иқдоми навро пеша кард.
Мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия бо мошинсозони ноҳияи Мактаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба дастрас кардани на кам аз 100 мошини замонавии пахтачинӣ ба мувофиқа расиданд. Гуфта мешавад, ки аввали моҳи август гурӯҳи кории корхонаи мошинсозии Ҷумҳурии Қазоқистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, имконияти истифодаи самараноки техникаи ҳосилғундории корхонаашонро дар майдонҳои пахтазори ин ҷо мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Дар сурати ба мувофиқа расидан, мошинҳои пахтачинии қазоқӣ шуруъ аз мавсими нави ҳосилғундорӣ, мавриди истифода қарор мегиранд.
-Ҳадаф аз амалӣ кардани Лоиҳаи мазкур фароҳам овардани шароити хубу самаранок ҷиҳати аз 70 ба 80 дарсад расондани ғунучини ҳосили пахта тавассути техника мебошад, - изҳор дошт Ҳомидҷон Ҳакимзода, муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сарпарасти соҳаи кишоварзӣ.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”