Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6-уми ноябри соли 1994 рост омад. Конститутсия, агар кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати мустақили сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намояд, пас Президент ҳомии Конститутсия ба шумор меравад. Инак, аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ 30 сол сипарӣ мегардад.
Масъалаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист, дар давраи аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, яъне соли 1991 баррасӣ мегашт, аммо вазъи ноороми кишвар барои анҷоми ин кор имкон надод. Дар Иҷлосияи ХYI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи нави конститутсионӣ таъсис дода шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии онро ба зимма доштанд. Ҳамин тариқ, ин Иҷлосияи тақдирсоз дар самти ислоҳоти конститутсионӣ саҳифаи нав кушод.
Моҳи ноябри соли 1993 аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи корӣ ин масъала баррасӣ ва давоми шаш моҳ ду лоиҳаи нави Конститутсия омода гашт, ки ҳар кадоме як намуди идораи давлатӣ – парламентӣ ва президентиро дарбар мегирифт. Комиссия шакли идораи президентиро пазируфта, лоиҳаи омодашударо ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. 20-уми июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсияро эълон намуд. Ҳамин тариқ, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Пас аз қабули Конститутсия ва интихоби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад”.
Мамлакати мо, ки дар вазъи мураккабу харобиовари кишвар қарор дошт, ба идораи мустаҳкаму қавии президентӣ ниёз дошт. Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ созгор ва мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буд. Вазъи номураккаби ҳамонвақта дахолат, амал ва ҳалли фаврӣ, айни замон оқилонаро талаб мекард. Дар чунин ҳолат бо истифода аз ваколату салоҳияти конститутсионӣ идораи президентӣ қодир аст, ки масъалаҳои ҳаётан муҳиму актуалиро ҳал намояд.
Қабули Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи ҷомеаи навини тоҷикон мавқеи хоса доранд. Ба ин рӯйдод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 21-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16-уми ноябри соли 1994) чунин баҳо доданд: “Мардуми Тоҷикистон аввалин бор санади ҳуқуқиеро қабул намуд, ки он манфиати тамоми халқҳои сокини Тоҷикистонро ифода мекунад. Агар 16-уми ноябри соли 1992 ва Иҷлосияи ХYI Шурои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи Ватанамон ҷойи сазовори худро соҳиб шуда бошад, пас 6 ва 16-уми ноябри соли ҷорӣ ва сессияи имрӯзаи Шурои Олӣ дар таърихи навтарин ҳамчун Рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллатҳои давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд”.
Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти борабту низом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар ҳалли чунин мушкилот ва хатарзо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир ва асосӣ дошта, бо амалу муносибати ҷавонмардона дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардиданд. Заҳмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебояд қадршиносӣ кард.
Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (Маскав, 27-уми июни соли 1997) идомаи талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нодир ва қобили омӯзишу истифода мебошад. Асоси онро ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ташкил медиҳад. Иштирокчии ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан ва 10-солагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (10-уми сентябри соли 2002) Асомиддини Қиёмиддин (Арабистони Саудӣ) иброз намуда буд: “Ваҳдат дар якоинӣ, ҳамзабонӣ, якдиливу якрангӣ, якпорчагӣ ва билохира яктоҷикии саросарии ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Сарвари тоҷикони ҷаҳон аст, ки месазад гӯям:
Имоми миллати тоҷик чи олӣ роҳбаре бошад,
Ки ҳубби миллаташро дар сафарҳояшаён бинӣ”.
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон