Дар қонунгузорӣ ва адабиёти соҳавӣ мафҳумҳои ҳаммаъно ҷой доранд. Аксар вақт дар баробари мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» ва баъзан ҳамчун синоними он ибораҳои «таълими ҳуқуқӣ», «иттилоотнокии ҳуқуқӣ», «тарғиботи ҳуқуқӣ», «тарбияи ватандӯстӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ», «тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандӣ», «инкишофи саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ» истифода мешаванд. Дар забони тоҷикӣ вожаҳои «ҳуқуқ», «ҳақиқат», «адолат» ҳаммаъно буда, бо ҳам пайвандии зич доранд. Мафҳуми «адолат» аз ҷиҳати маъно бо мафҳуми «ҳуқуқ» наздик буда, тасмим гирифтем, дар ин матлаб мафҳуми “маърифати ҳуқуқӣ”-ро аз назари олимон ва, пеш аз ҳама, ҳуқуқшиносон маънидод намоем.
Мақсад аз маънидоди истилоҳи ҳуқуқ дар он аст, ки шахс то маънои ҳуқуқро дарк накунад, фаҳмиши амиқи онро тасаввур насозад, ба ҳадафҳои эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ расида наметавонад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдом бо усулу равишҳои нав ба аҳолӣ расондани донишҳои ҳуқуқӣ, мазмуну моҳияти он ва бо ин роҳ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аст. Дарвоқеъ, шаҳрвандон ва ҳуқуқшиносон қонунро бо назардошти сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва дониши ҳуқуқӣ ба таври гуногун дарк мекунанд. Дарки қонун аз тарафи шаҳрвандон дар доираи тасаввуроти ҳуқуқии одии онҳо, бидуни дарки мафҳум, моҳият, нишонаҳои қонун бо мақсади риояи қонун, қонеъ гардондани манфиатҳои қонунӣ, риоя ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳо сурат мегирад.
Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби (сохти) дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд. Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд: 1) субъекти тарбияи ҳуқуқӣ (мақомотҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ашхоси мансабдор, ки шуғли тарбияи ҳуқуқӣ мебошанд); 2) объектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда); 3) амалиётҳои тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ).
Профессор О.Ю. Рибаков маърифати ҳуқуқиро яке аз шаклҳои муҳими татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ муайян мекунад, ки бо ёрии маърифати ҳуқуқӣ метавон ба шуур таъсир расонда, тарзи муайяни тафаккур, фарҳанги ҳуқуқиро ташаккул дод. Муаллиф ба он диққати махсус медиҳад, ки ин соҳаро мақомоти давлатӣ бояд фаро гиранд, зеро маҳз мақомот барои иҷрои вазифаҳои муайяншуда захираҳои калон доранд. Зимнан, ба андешаи М. В. Барикина, маърифати ҳуқуқӣ ин дар ҷомеа паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқ ва тавзеҳи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, инчунин, амалияи татбиқи онҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани боварӣ ба зарурати риояи қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ имрӯз на танҳо фаъолияти махсус ташкилшудаи давлат ва ҷомеа, балки ҳамчун самти мустақили сиёсати давлат амал карда, бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гурӯҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад.
Таҳқиқоти пурсамари фарҳанги ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, унсурҳои миллии он бори аввал дар илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон дар рисолаи докторӣ ва асарҳои профессор Эмомалӣ Насриддинзода (Насурдинов Э. С.) гузаронда шудааст. Солҳои охир профессор Эмомалӣ Насриддинзода фарҳанги ҳуқуқиро дар доираи маърифати нави ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсон, озодии иқтисодӣ, эҷодӣ, илмӣ ва намуди дигари фаъолият, ҳуқуқ ва адолат таҳқиқ мекунад. Олими тоҷик фарҳанги (маданияти) ҳуқуқиро ҳамчун ғояҳое, ки фикру эҳсосотро амалӣ мекунад, эътиқоди ҳуқуқӣ, дастурҳоро, ки ба фаҳмиши дурусти низоми ҳуқуқии ҷомеа нигаронида шудаанд, маънидод кардааст.
Унсурҳои ҷудогонаи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо масъалаҳои дигари илмӣ дар асарҳои Тоҳиров Ф.Т., Маҳмудзода М.А., Нематов А.Р., Азиззода У.А. ва дигарон таҳлил карда мешавад. Масъалаҳои шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар робита бо рушди илми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, инкишофи низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими соҳибистиқлолӣ дар асарҳои академик Тоҳиров Ф.Т. таҳқиқ шудаанд.
Ба андешаи профессор Эмомалӣ Насриддинзода, дар доираи гуногунии фаҳмиши ҳуқуқ, ки хоси даврони муосири таърихӣ мебошад, фарҳанги ҳуқуқӣ дар доираи маърифати нави ҳуқуқӣ, дар асоси шинохти ҳуқуқҳои ҷудоинопазири инсон, озодии иқтисодӣ, эҷодӣ, илмӣ ва намуди дигари фаъолиятҳо, консепсияи ҳуқуқҳои табиии инсон шакл мегираду рушд менамояд. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҳуқуқӣ комёбиҳои мавҷударо дар заминаи ҳуқуқ (маълумоти ҳуқуқӣ, парламенти касбӣ, ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон ва ғайра) инъикос менамояд. Фарҳанги ҳуқуқӣ танҳо бо дарки ҳуқуқ ҳамчун шеваи озодӣ ва адолат тасаввурпазир аст.
Сиёсати давлатӣ меъёрҳои ахлоқии таърихан муқарраршуда ва арзишҳои ахлоқии аз ҷониби умум эътирофшудаи мардуми сермиллати Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад, ки ба таъмини рафтори қонунӣ ва эҳтироми шаҳрвандон нигаронда шудааст. Ташаккули шуури мусбии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, тавассути андешидани тадбирҳои мунтазам оид ба муқовимат ба ҳама гуна шаклҳои ифротгароии миллӣ ва динӣ ё рафторе, ки ба ахлоқи ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ризоияти миллӣ халал мерасонад, таъмин карда мешавад.
С. АМИНЗОДА,
судяи Суди Олии иқтисодӣ