Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардум бо дили гарм пайи ободии диёранд. Дар ин радиф, мардуми заҳматкаши ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ баҳри рушду ободии диёр саҳми арзанда мегузорад. То ин дам дар ҳудуди ноҳия сохтмони зиёда аз 90 иншооти фарҳангиву маишӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо Зафар Гулзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин ибрози назар намуд:
– Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда баҳри пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси зикр аст, ки бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмону навсозии 216 иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ба нақша гирифта шуда, шумораи иншоотҳои ба истифода додашаванда дар соли равон 41 ададро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ин давра 15 иншооти хурду бузург, аз қабили 2 пул дар ҷамоатҳои деҳоти Лангардара ва Чагам, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Чагам, сангфарш намудани 2 км роҳи кӯчаҳои дохилии деҳаи Ёл, сохтмони 7 дидбонгоҳи наздисарҳадӣ, 1 мамнуъгоҳ ва 1 дарвозаи даромадгоҳи мамнуъгоҳ, илова гардиданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум корҳои назаррасе анҷом меёбанд. Дар ин муддат дар майдони 265,3 гектар кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,3 гектар зиёд мебошад. Дар ин давра дар майдони 11168 гектар кишт гузаронда шуд, ки аз ин 9084 гектар ғалладонагиҳо, 493 гектар зағир, 93,3 гектар сабзавот, 93,1 гектар полизиҳо ва 1139,6 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 94 миллиону 324 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 890 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Табиист, ки муваффақияти тамоми соҳаҳо аз пешрафти соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Соли гузашта, бо мақсади беҳтар намудани сатҳи дониши хонандагон Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 20 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№2,12,30,33,52,57 ва бинои маъмурии шуъбаи маорифро ба нақша гирифта, сохтмонашон бомаром идома доранд. Ҳамзамон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад. Айни ҳол дар ноҳия 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳамчунин, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, кӯдакистон, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо тамоми шароитҳои муосир фаъолият мекунанд.
Воқеан, солимии ҷомеа пешрафти давлат аст. Ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ имрӯзҳо дар ноҳия беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, маркази бемориҳои сил, маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 19 бунгоҳи тиббӣ ва 8 муассисаи дигари тандурустӣ дар хизмати сокинон қарор доранд. Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби шарикони рушд сохтмони маҷмааи «Модару кӯдак» барои 66 кати хоб, маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз се ошёна ва 3 бино идома дорад.
Табиати биҳиштосои Тоҷикистон айни ҳол макони тамошобобе шудааст. Дар ин радиф, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ тавонистааст бо мавзеъҳои дилрабояш сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намояд. Дар ноҳия айни ҳол 8 ширкати сайёҳии шикорӣ фаъолият дошта, харитаи сайёҳии ноҳия бо забонҳои рӯсию англисӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар шаш моҳи соли 2024 мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро 3447 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 1149 нафар сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.
– Воқеан, имрӯз мардум бо дили гарм пайи ободии диёр камари ҳиммат бастаанд ва умед аст, ки ин ноҳия дар кӯтоҳтарин муддат боз ҳам ободтару зеботар мегардад, – гуфт дар поёни суҳбат З. Гулзода.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”