Дар бораи аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмадшозода Ф. А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 июли соли 2024, № 842