Адабиёти тоҷик дар тули беш аз ҳазор сол тарғибгари собитқадами донишу маърифат, ақлу хирад, огоҳиву худшиносӣ, инсонпарварию ватандӯстӣ, муҳаббату садоқат ва дигар хислатҳову хосиятҳои шарифи инсонӣ буду ҳаст ва бо ҳамин амали нуронии худ, албатта, ба аҳли ҷаҳолату разолат писанд нест. Чунки тинати пучи онҳоро фошу ошкор карда, симои ҳақиқиашонро ба аҳли ҷомеа нишон медиҳад.
Азбаски ҷаҳлу таассуб дар тули асрҳо бевосита ба ин қувваи бузурги маънавӣ муқобилат карда наметавонисту наметавонад, адовату ноҷавонмардиашро нисбат ба он ҳамеша арзонӣ медошту арзонӣ медорад. Аҳли адаб ранҷу азобҳоеро, ки бузургони он аз дасти ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ифротгароӣ кашидаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Фаромӯш намекунад, ки маҳз онҳо устод Рӯдакиро, шоиреро, ки забони модариро эҳё кард, бо ҷазби ин забону баёни шоирона шоҳро ба сари тахту сари корҳои давлатдорӣ баргардонд, васфи арзишҳои бузурги миллии мо – Наврӯзу Меҳргон кард, қарматӣ хондаву дар айёми пирӣ бераҳмона озорҳо додаанд; Фирдавсӣ – офаринандаи яке аз шоҳкорҳои фарҳанги маънавии ҷаҳон, суханвари беназиреро, ки сӣ сол ранҷ бурдаву бо забони модарии мо – порсӣ қаламрави аҷдоди мо – Аҷамро зинда кард, маҷусу зардуштӣ хондаву аз охирин ҳаққи инсонии дар гӯристони умумӣ ба хок рафтан маҳрум сохтанд; Дақиқиеро, ки «Шоҳнома»-ро оғоз бахшида буд, Дақиқиро, ки «чор хислат дӯст дорад ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ: лаби ёқутрангу нағмаи чанг, шароби лаълу дини зардуҳиштӣ», бо дасти зархариде ҷавонмарг карданд; Носири Хусрави ҷаҳондидаву ҷаҳонфаҳмидаро, ки бо виқору ғурури тоҷикӣ мегуфт: «Ман онам, ки дар пои хукон нарезам, Мар-ин қиматӣ дурри лафзи дариро», сарсону ғарибхок намуданд, Пури Синоро, ки ғайр аз банди аҷал банди ҳама мушкилотро кушода буд, кофир эълон доштанд; Адиб Собири Тирмизиро, ки дидори ёрро аз Замзаму Кавсарашон беҳ медонист, Абдулқодирхоҷаи Савдоро, ки ба «файзи ришу фаши дастор»-ашон ришханд мезад, Мирзо Саҳборо, ки аз қавли тазкиранависе «дар он аср н-омад ба изҳори ҳақ ҳамчу ӯ», дар дарёҳои ҷаҳли худ ғарқ карданд; қаҳрамони адабиёту ҳаёти мо – устод Айниро, ки дар миллатдӯстиву ватанпарварӣ бемисл буду дар ҳамон замони мушкил дили миллати худро мебардошт, ки «Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик», бо фатвои бехудонаву бехудоёнаашон зери зарбаҳои хунрези амири хунхорашон бурданд; бо ҷаҳолату разолати навинашон боиси марги пуразобу бемаҳали нависандаи забардастамон Фазлиддин Муҳаммадиев шуданд, ки ҳақгӯиву фошкориҳои бемислаш дар ҳаққи руҳониёни ҷоҳилу ҳоҷиёни зоҳирбину худнамо сахт нороҳаташон мекард.
Ин гуна мисолҳо дар таърихи адабиёти беш аз ҳазорсолаамон фаровонанд. Бо вуҷуди ин, адибон пайваставу собитқадамона муқобилони сарсахти падидаҳои мазкур буданду ҳастанд. Таваҷҷуҳ кунед, ки 8-10-садсола пеш, дар замони ҷавлони бемисли ҷаҳолату таассуб, чиҳо гуфтаанд:
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
* * *
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир?
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!
* * *
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?!
Имрӯз ҳам адибон на танҳо тавассути асарҳои бадеӣ, балки ҳамарӯза ба воситаи мақолаву суҳбатҳояшон дар ВАО бо ҷаҳлу таассуб ва тундравию ифротгароӣ дар набарданд. Зеро хуб дарк мекунанд, ки тафаккуру амалҳои ифротгароён ба ҳар яки мо ва дар маҷмуъ, ба ҳастии миллату давлати мо хавфи бевосита дорад. Адабиёт офаринандаву тарғибгари беҳтарин хислатҳои инсонӣ ва арзишҳои маънавист, лекин онҳо душманони ин хислатҳову арзишҳоянд ва ҳадафи ниҳоиашон тавассути бор кардани арзишҳои бегона нестии давлатҳои миллист.
Ҳамин буд, ки адибон аз рӯзи аввал дар паҳлуи Сарвари замони нав Эмомалӣ Раҳмон – шахсияте буданд, ки ин миллат, ин сарзаминро бо ҳама арзишҳои волою бемислаш дӯст медоранду барои ҳифзу бақо борҳо ҷони азизашонро сипар кардаанд. Бо масъулияти тамом изҳор мекунам, ки аҳли адаб Пешвои миллатро, ки посдори воқеии симои миллат ва арзишҳои бузурги маънавии онанд, доимо самимона дастгирӣ кардаанд ва минбаъд ҳам аз таҳти дил дастгирӣ хоҳанд кард.
Аҳли адаби кишвар бовар доранд, ки хиради азалии халқи фарҳангию фарҳангофаринамон бар ҷаҳолату разолат ва афсонабофиҳои содалавҳонаи дақёнусӣ пирӯз мешавад. Тоҷикистони озоду обод, дунявию мардумсолор, ҳуқуқбунёду ҳақшинос хонаи азизу муқаддаси мост. Кӣ мехоҳад, ки хонаи орзую ормонашро ҷавлонгаҳи тафаккуру амалҳои ғайриинсонӣ бубинад? Ҳеҷ кас! Ин аст, ки разми мо бо тавбафармоёни тавбанокарда поён надорад!
Низом ҚОСИМ,
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон