Ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистону Бангладеш муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Тоҷикистон Муҳаммад Мунир-ул-Ислом вохӯрд.
Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.