19-уми июл мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя баргузор гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба мо иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва баргузории саммити нахустини Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон баррасӣ гардиданд.