Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкорӣ бо АМИТ «Ховар», барои рӯзноманигорон дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар он муҳимтарин масъалаҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва муносибати кормандони ВАО ба онҳо баррасӣ гардида, доир ба ҷаҳонишавӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди он, қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он маърузаҳо шунида шуданд.