20-уми июл натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи смс – паёмак эълон гардиданд.
Маркази миллии тестӣ иттилоъ медиҳад, ки соли равон дар даври асосии бақайдгирӣ 95 ҳазору 276 довталаб, ки аз онҳо 78 ҳазору 222 нафар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 17 ҳазору 54 нафари дигар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис шуданд.