– Барои бошукӯҳ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар муқоиса бо соли пеш маблағи зиёд ҷудо гардида, Вазорати фарҳанг талош дорад, ки шумораи иштирокдорон, алалхусус аз давлатҳои хориҷиро зиёд намояд, - гуфт Давлат Сафарзода, муовини вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ, ки 22-юми июл баргузор гашт.
Давлат Сафарзода зикр кард, ки Намоишгоҳи мазкур моҳи октябри соли равон баргузор мешавад ва номгӯи китобҳои зиёдеро дар бар хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки моҳи август Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон, моҳи октябр Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва моҳи ноябри соли равон Ҳафтаи фарҳанги Ҷумҳурии Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.
Лола РИЗОӢ