22-юми июл, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар мамлакат 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд.
Мавсуф зикр кард, ки Кумита бо мақсади омода намудани кадрҳои болаёқат бо 20 давлати дунё созишномаҳои ҳамкориро дар соҳаи телевизиону радио ба имзо расондааст. Аз ҷумла, 5-уми июли соли 2024 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ имзо шуд. Ҳамкории тарафайн имкон медиҳад, ки сатҳи донишу малакаи журналистон, кормандони техникӣ дар омода намудани барномаҳои байналмилалӣ боло равад. Ҳамчунин, зикр гашт, ки Кумита имрӯзҳо ба хотири боз ҳам хубтару беҳтар ва бештар намудани шоу-барномаҳои телевизионӣ кӯшиш дорад, то дар наздиктарин вақт барномаҳои ҷолибро пешкаши тамошобинон гардонад.
Гулнисо САЪДОНШО