Дар натиҷаи мувофиқаи бадастомада, Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 141 миллион евро грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷудо менамояд.
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд, ки дар он вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сардори департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин вохӯрд.
Зимни мулоқот масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.