Вуҷудамон пур аз эҳсос буд. Савори автобус шаҳру деҳаҳо, кўҳу саҳроҳоро пушти сар менамудем. Ин хатсайр моро ба 5-умин Форуми театрии ҷавонони давлатҳои ИДМ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мегашт, мебурд. Чун намоиши мо аз осори шоирони бузурги классикиамон таҳия шуда буд, бовар доштем, ки муваффақияте насибамон хоҳад гашт.
Бо ин матлаб, суҳбати мо оғоз ёфт бо Ҷовидон Аминзода, ҳунарманд ва коргардони ҷавони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, ки чанде пеш бо намоиши “Таъбири ишқ” дар Форуми мазкур ширкат варзид. Қобили зикр аст, ки ин намоиш аз рўи асари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ рўи саҳна омад.
Бино ба гуфти Ҷовидон Аминзода, ду сол пеш намояндагони пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва, ба кишвари мо омада, намоишҳои коргардонҳои то сисоларо тамошо намуданд. Намоиши “Таъбири ишқ” ба онҳо писанд омад ва ҳамин тавр, мо барои иштирок ба 5-умин Форуми театрии ҷавонони давлатҳои ИДМ даъват шудем. Ҳунарнамоии мо ба тамошобинон хеле писанд омад ва сазовори дипломи ин Форуми байналмилалӣ гардидем.
– Ин сафар барои мо – ҳунармандони ҷавон, ки бори аввал берун аз марзи Ватани маҳбубамон ҳунарнамоӣ кардем, хотирмон буд. Аъзои ҳакамон ва тамошобинон намоиши моро хуб пазируфтанд ва он бо дипломи Форум қадр гардид. Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки дар доираи намоиш мо яке аз ғазалҳои марғуби Фаридуддини Атторро қироат намудем. Вақте маънии онро тарҷима карданд, аз чашмони шефтагони адабиёт беихтиёр ашк ҷорӣ мешуд. Ин, албатта, боиси ифтихори мост, ки офаридаҳои ниёгонамон бо мазмуни бикру воло ва гузашти ҳазор сол ҳанўз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва ба умқи диламон таъсир мегузоранд,– мегўяд Ҷовидон Аминзода.
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ба маҳорату истеъдоди устоди зиндаёд Фаррух Қосим арҷ мегузорад ва намоиши “Таъбири ишқ”-ро дар пайравӣ ба эҷодиёти ин ҳунарманди варзидаи тоҷик таҳия кардааст.
Пайванди Ҷовидон Аминзода ба олами ҳунар аз соли 2014, баъди дохил шудан ба шуъбаи “Ҳунарманди театр, кино ва телевизион”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, оғоз мегардад. Баъди хатми муассисаи мазкур ба Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ба ҳайси ҳунарманд фаъолиятро оғоз менамояд. Нақшҳои офаридааш Фаромарз дар намоиши “Исфандиёр”, Маҷнун (“Таъбири ишқ”), Хуршед (“Ишқ ва қурбониҳояш”), Алоуддин (“Алоуддин”), Ҳайдар (“Агар ҷанг намебуд”) ва монанди ин бозтоби маҳорати ў дар ҷодаи ҳунарпешагӣ мебошанд.
Мавсуф, бо вуҷуди ҷавон будан, ба осори пурғановати шоирони классик рў овардааст ва дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад. Намоиши “Таъбири ишқ” аввалин кори коргардонии ў буда, мавқеи хосро миёни ҳаводорони санъати театрии дохил ва хориҷ пайдо намудааст.
Судоба ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”