Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф
– Муҳтарам Абдуқодир Вализода, суҳбатро аз иҷрои нақшаи андозҳо ва буҷети маҳаллӣ оғоз мекардед.
– Тайи шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 105 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 36 миллиону 597 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 1 миллиону қариб 717 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд аст. Қисми даромади буҷет бошад, 22 миллиону 990 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 998 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ин давра, нақшаи андози иҷтимоии муассисаҳои буҷетӣ 8 миллиону 838 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он ба 9 миллиону 321 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 91,7 фоиз иҷро гардида, аз 50 миллиону 451 ҳазор сомонии пешбинишуда, 46 миллиону 274 ҳазор сомонӣ харҷ гардид. Хароҷоти умумии соҳаҳои иҷтимоӣ 40,4 миллион сомониро ташкил дод. Маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатии буҷетӣ дар ноҳия сари вақт пардохт гардида, дар ин самт қарздорӣ вуҷуд надорад.
– Татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021 – 2025 чӣ гуна ҷараён дорад?
– Иҷрои Барнома қонеъкунанда мебошад. Он аз 190 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии пешбинишуда 382,3 миллион сомониро дар бар мегирад. Аз он 50 лоиҳа ба маблағи 307,6 миллион сомонӣ дар самти иқтисод, 110 лоиҳа ба маблағи 61,9 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 27 лоиҳа ба маблағи 10,4 миллион сомонӣ ба самти инфрасохтор ва се лоиҳа ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода равона гардидаанд. Тибқи дурнамо, барои амалӣ намудани Барнома бояд аз буҷети ҷумҳуриявӣ 41,9 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллии ноҳия 3,9, сармояи хориҷӣ 34,3 ва бахши хусусӣ, яъне соҳибкорон 302,1 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардад. То имрӯз Барнома ба маблағи 222 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иҷрои он 58 дарсадро ташкил медиҳад.
– Барои рушди соҳаи маорифи ноҳия чӣ тадбирҳо андешидед?
– Алҳол дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ду литсейи хусусӣ, литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат, се муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, чор муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, Муассисаи давлатии таълимии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Муассисаи давлатии таълимии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ” фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2023 – 2024 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 27 ҳазору 410 хонанда, ки 13 ҳазору 532 нафарашро духтар ташкил медиҳад, ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Шумораи умумии омӯзгорон 1728 нафар буда, 1344 нафараш зан мебошад. Бештари муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ таъминанд.
Барои иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025 дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Феълан, дар ҳафт муассисаи томактабии давлатию хусусӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 1941 кӯдаки синни томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар аксари муассисаҳои таълимӣ шароити моддию техникӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Айни ҳол, дар ҳамаи муассисаҳои тобеи шуъбаи маориф 804 адад компютер, 133 принтер, 44 видеопроектор ва 16 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошанд. Дар муассисаҳо 48 кабинети технологияи иттилоотӣ амал мекунад.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва бартараф кардани мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилотӣ, сохтмону барқарорсозии синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимиро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додаем. Айни замон, сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19 иборат аз 8 синфхона, №27 6 синфхона, №35 18 синфхона, №53 8 синфхона аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, сарпарастон, соҳибкорон ва сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №6 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён дорад. Ногуфта намонад, ки бо маблағгузории Лоиҳаи CASA-1000 дар назди муассисаҳои таълимии №24, 29 ва 33 биноҳои нави таълимӣ ҳар кадомаш иборат аз 4 синфхона ва бо ҷалби соҳибкорон дар назди муассисаҳои таълимии №33 ва 46 дорои 9 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маориф 93 синфхона, бо 9 бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, то давраи ҳисоботӣ 62 синфхона барои 1550 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор гирифт. Кунун корҳои бунёдӣ дар 31 синфхонаи боқимонда идома доранд.
Корҳои азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии давлатии №2 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Назарович Кремлёв ҷараён доранд.
– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд?
– Заҳматкашони ноҳия барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ ҳамвора дар талошанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ барзгарон ба маблағи 210 миллиону 707 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 6 миллиону 214 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолгардида 113 миллиону 409 ҳазор сомонӣ ба соҳаи рустанипарварӣ ва 97 миллиону 298 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.
Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 8321,5 гектар кишти зироатҳоро гузаронданд, ки аз он 4832,8 гектар ғалладонагӣ, 300 гектар пахта, қариб 480 гектар зағир, 120 гектар маъсар, 265 гектар картошка, беш аз 27 гектар рустаниҳои доругӣ, 1015 гектар сабзавот ва дигар намудҳои зироатҳоро ташкил медиҳад. Кишти такрории зироатҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия тибқи дурнамо дар майдони 1800 гектар муайян шудааст. Феълан, кишт дар майдони умумии 1365 гектар гузаронда шудааст, ки 1128 гектараш ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ рост меояд. Дар нимсола наздики 1550 тонна гӯшт, 6179 ҳазор тонна шир, зиёда аз 17 миллион дона тухм истеҳсол гардид.
– Омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна ҷараён дорад?
– Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин Ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар ноҳия бояд 222 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор бигирад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, заҳмату талошҳои мардуми заҳматкаш ва соҳибкорони маҳаллӣ, то имрӯз 90 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло дар 128 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз тарафи роҳбарони гурӯҳи корӣ дар деҳот ва шаҳрак мунтазам бо мардум вохӯрӣ доир мегардад.
Алъон, дар маркази ноҳия 3 бинои истиқоматии баландошёна бо фарогирии нуқтаҳои хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст. Инчунин, бо қарори раиси ноҳия аз ҳисоби заминҳои шаҳраки навбунёд қитъаи замин ба ҶДММ “Ошёнсоз” барои сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна ҷудо гардид. Лоиҳаи иншооти мазкур аз экспертизаи давлатӣ гузаронда шуда, аллакай, корҳои сохтмонӣ оғоз ёфтаанд. Ҳамзамон, бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комрон-К” сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо фарогирии марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад.
Бо итминон гуфта метавонам, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия бо шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Ёқуби СОДИҚ, “Ҷумҳурият”