Муҳосибе, ки пули фонди ёриҳоро ба кисааш зад, ба толори суд рафт
Муҳосиби шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Т. Исмоилов бо ҷурми тасарруфи маблағҳои фонди ёрии хориҷии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, нобурда аз ҳаҷми умумии тухмиҳо ва нуриҳои минералии ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазири ноҳия пешбинишуда, 247297 кг-ро тибқи рӯйхат ба хоҷагиҳо тақсим намуда, боқимонда 20805 кг тухмӣ ва нуриҳои минералиро бо арзиши умумии 204 822 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Вобаста ба ин ҳолат алайҳи Т. Исмоилов бо моддаҳои 257 қисми 3 банди «в» (тасарруфи воситаи фондҳои кумаки хориҷӣ...), 314 қисми 1 (суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
Боздошти духтари ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти духтари ноболиғе (14-сола) дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки ба дуздии ҷавоҳирот гумонбар мешавад.
Дастгиршуда 16-уми июли соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 53-солаи шаҳр шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногунро дуздидааст. Зарари расондашуда 14 ҳазору 450 сомониро ташкил дода, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Марди қаблан судшуда боз ба курсии айбдорӣ нишаст
Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз ӯ марди 44-сола ном бурда мешавад ва қаблан бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ...) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, боз бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, ин мард бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ дар чанд маврид, аз ҷумла 18-уми феврали соли 2022 панҷ ҳазор, 25-уми майи соли 2022 сенздаҳ ҳазор ва моҳи марти соли 2022 даҳ ҳазор доллари ИМА гирифтааст. Гумонбар аз ҷамъи маблағҳои гирифтааш, танҳо 8 ҳазор доллари ИМА-ро баргардонда, боқимондаро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст, ки вобаста ба ин ҳолат бо дастрасии моддаи 247 қисми 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”