Иқдоми навбатии Сарвари давлат оид ба интишор ва ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим кардани “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ идомаи ҳамон ташаббусҳои дурбинонаву ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватандории мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбиниву дунёшиносии сокинони кишвар нигаронда шудааст.
Ҷойи баҳс нест, ки омӯзиши “Шоҳнома” уфуқҳои тозатару фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад. Ва ягон шубҳа ҳам нест, ки ин иқдомҳо ва ташаббусҳои дигари Роҳбари давлат, аз ҷумла роҳандозии озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, дар якҷоягӣ сатҳи фарҳангиву маърифатии мардуми моро баланд хоҳанд бардошт ва саҳми бузурге дар боло рафтану ғанӣ гардидани маънавиёти мо хоҳанд гузошт.
Инак, дар партави ин иқдоми беназир ва фарогири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеъри тозаэҷоди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло тақдими хонандагон мегардад.
Ҳуҷҷати аслу асолат, “Шоҳнома”!
Бар Худои худ ибодат, “Шоҳнома”!
Бар Худое, ки маро ҷон доду алфоз,
Дод неруву ҷасорат, “Шоҳнома”!
То ки ихлос асту имон асту Меҳан,
Бо ту мебошам ба тоат, “Шоҳнома”!
Эй саломи мо ба хоки безаволӣ,
Эй фаросӯи нубувват, “Шоҳнома”!
Миллате бо ту сарафроз асту сарсабз,
Миллате бо ту саломат, ”Шоҳнома”!
Оли олиҳимматонро пойдорӣ,
Эй басиронро басират, “Шоҳнома”!
Мактаби дарси ҷасоратҳои бемисл,
Мактаби шаъну шуҷоат, “Шоҳнома”!
Мактаби родиву кохи безаволӣ,
Мактаби андарзу ҳикмат, “Шоҳнома”!
Омадӣ бар мо чу файзи арши кудсӣ,
Омадӣ пайки асолат, “Шоҳнома”!
Руҳи Фирдавсӣ дар он фирдавси боло,
Бо ту бодо пур зи нусрат, “Шоҳнома”!
Ман ба номи бегазанду озаринат
Мебарам пайки шаҳодат, “Шоҳнома”!
Дар варақҳоят фурӯғи офтобест,
Ҳуҷҷати бахту саодат, “Шоҳнома”!
Вожа-вожа медурахшад офтобат,
Эй фурӯғи зидди зулмат, “Шоҳнома”!
Ҳуҷҷати асли вуҷуди миллати ман,
Бар маро сӯи ҳақиқат, “Шоҳнома”!
То ту ҳастӣ, миллати ман ҳеҷ гоҳе
Нест дар банди асорат, “Шоҳнома”!
Меҳани пояндаи мардонагиҳо
Меҳани ишқу саодат, “Шоҳнома”!
Дар ту, танҳо дар ту ғунҷидаст дунё
Бо ҳама шӯру шаҳомат “Шоҳнома”!
Эй китоби ҷумла адёни муқаддас,
Эй фурӯғи ҷони миллат, “Шоҳнома”!
Ҳаббазо, пирӯзии ҷовид бо мост,
К-аз Худо дорам амонат, “Шоҳнома”!
Сарпаноҳи миллати ворастаи ман
То қиёмат, то қиёмат, “Шоҳнома”!