Қаблан, иқдоми навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро хуҷаста мегӯям, ки барои олимон, адибон, аҳли зиё, рӯшанфикрон ва соири соҳибназарон минбар фароҳам овардааст ва онҳо метавонанд бо истифода аз он дар сахттарин лаҳзаҳо аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ амсоли сулҳу ваҳдату ягонагӣ ва озодиву истиқлол доиман ва хеле фарогир ҳимоятгар бошанд.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳоли рушд қарор дошта, сол ба сол ободу зеботар мешавад. Дар сархати ин созандагиву барозандагиҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки бо ҳамтоёни бонангу номус мактаби ҳақиқии футувват сохтаанд, мактаби ҷавонмардӣ ва шуҷоат. Ин мактаб худ аз худ эҳё нашудаву дастпарваронаш ҳам ба ҳукми тасодуф наомадаанд. Нахуст, аз дарсхонаи ин мактаб зина ба зина бозтоби сиёсӣ, маънавӣ, илмӣ ва инсонгароӣ омӯхта, билохира, дар сатҳи ташаккул ва тафаккури миллӣ хидмати содиқона бар суди халқу Меҳанро анҷом мебахшанд.
Аксарият шоҳидем, ки дар қадамҳои аввал истиқлоли воқеиро бар асари якдигарнофаҳмӣ ва бехирадии гурӯҳҳои низоандоз истиқбол карда натавонистем. Оқибатҳои ҳамин тафриқаандозиҳо, ки то ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтаву иқтисоди бе ин ҳам шаклногирифтаро ба нестӣ бурд ва ҳазорон қурбониву як кишвари ба хуну оташ олударо боқӣ гузошт, мутаассифона, ҳанӯз ҳам барои баъзеҳо дарси ибрат нашуд. Кулли сокинони то 40-солаи Тоҷикистон шоҳидони барҳақанд, ки миллати он замон парокандаи тоҷик чи сарнавишти талхеро пушти сар намуд. Қатлу куштор, одамрабоиву дуздӣ, интизорҳои тулонӣ дар навбати нон, хуруҷи бемориҳои сироятӣ… ва ҳоказо.
Дар он рӯзону шабон ба гӯши худ мешунидам, ки одамон бо илтиҷо мегуфтанд: «Худоё, вақте мерасида бошад, ки садои тирпарронӣ қатъ ёбаду мардум ба серӣ нон пайдо кунад?». Ҳамагон дар ҳифзи ҷони ширин буданд. Он ҳангом на мухолифон овоз мебароварданду на хурофотпарастон. Шоире аз музофот баҳасрат гуфта буд: “Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад, Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад?”
Паҳлуи дигари масъала касро нороҳат месозад. Ҷанги нанговар панҷ сол идома ёфта, ҳар чи буд, набуд, гузашт. Хайрият, бо талошҳо ва ҷасорати Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ расидем. Бо назардошти ин, ҳар як шаҳрванд боистӣ дар эъмори давлати навин саҳмгузор бошад.
Мантиқан рӯшан аст, ки пойтахти ҷумҳуриамон – шаҳри Душанбе, ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ, наворбардориву таблиғи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикон ва бо як таассуроти рангин баргаштанашон ба Ватани хеш аз ин далолатгаранд. Ҳатто, шабона зери партави чароғҳо наздики фаввораҳои мавҷзан бо ҳаловат нишастану суҳбат оростанашон барои мо – тоҷикон, мояи ифтихори бузургест. Оё ҳамаи ин пешрафт осону сода ба даст омадааст? Ҳаргиз! Ин ҳама оромиву амонӣ ва базму сури ҳамватанонро ба боди фано супурдан чӣ мазмун дорад?
Баъди ҳазорсолаҳо орзуву омоли мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшидаву бахташ хандида, соҳибдавлат гаштааст. Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар фазои амн метавонад ҳунару истеъдодашро амалӣ гардонад. Фикр мекунам, мухолифон боистӣ аз дигар қишрҳои ҷомеа бо тафаккур ва андешаи созанда тафовут дошта бошанд, на бо роҳи сангаргирӣ. Ҳама гуна масоил, хоҳ сиёсӣ ва хоҳ иҷтимоиро танҳо бо роҳи машварат метавон ҳаллу фасл намуд. Баръакси он мо ба сари мардуми бегуноҳ зулму ситам раво мебинем, ки дар ду олам нобахшиданист!
Миллати бофарҳангу соҳибтамаддун ҳеҷ гоҳ фарзандони сарсупурдаи хешро сиёҳ ва бадном намекунад. Як бор ба худ нигареду гузаштаи на чандон дурро ба ёд биёред. Дар айёми вазнини таҳлукабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо ҳамтоёнашон ҷоннисориву азхудгузарӣ намуданд. Нангу номуси ватандорӣ дошта бошед, чаро ба нооромиву қудратхоҳӣ даст мезанед? Мемонед, одамон пайи пешбурди рӯзгорашон осуда басар баранд? То ҳанӯз аз гӯши мардум садои тир нарафтааст, боз одамони бегуноҳро ба майдоншинӣ бармехезонед?
Вақти он фаро расидааст, ки мардуми орому осоишта ва меҳнатқаринро дигарбора гумроҳ насозему дар атрофи Пешвои миллат зичтар муттаҳид шуда, тамоми неруи ҷисмониву зеҳниямонро ба ободгариву созандагӣ сарф намоем. Он гоҳ Ватани биҳиштосои мо – Тоҷикистони азиз, гул-гул шукуфта, маркази сайёҳони хориҷи дуру наздик қарор мегирад. Ҳамзамон, ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аз харитаи ҷаҳони муосир ба ҷовидон зудуда нахоҳад шуд. Барои ин ҳар кадом муттаҳидиву муттафиқиро шиор бардошта, нагузорем, ки ба мамлакатамон газанд бирасад.
Таърих дар мароҳили тулонӣ роҳнамоёнро ба арсаи қудрат меоварад, ки бар суди миллат ё қавми парешида бо худфарсоӣ пайкор мекунанд. Чунин фарзанди шоиставу фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин назаркардаи Худоро мардум интихоб кардааст.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб