ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Китобҳои дарсӣ бо тағйиру иловаҳо чоп мешаванд
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ ба намояндагони васоити ахбори омма иттилоъ дод, ки ба номгӯйи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз нав ба чоп мерасанд.
“Соли 2024-ум 83 номгӯйи китобҳои дарсӣ ба озмуни чоп пешниҳод гардида, 47-тои он ботеъдоди 1 миллиону 574 ҳазор нусха нашр шуд. Чопи 36 китоби дарсӣ бо шумораи 1 миллиону 570 ҳазор нусха идома дорад, ки давра ба давра ба муассисаҳо дастрас мешавад”, – гуфт Раҳим Саидзода.
Ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ 3 миллиону 400 ҳазор нусха китоби дарсӣ дастрас шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 ҳазору 184 нусха зиёд буда, масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ ҳалли худро меёбанд.
Ҳамчунин, Раҳим Саидзода зикр кард, ки соли таҳсили 2023-2024 шаш ҳазор донишҷӯ аз рӯйи равияи омӯзгорӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм, кард. Аз ин 5418 нафар, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ мактабҳои олиро хатм кард, ба муассисаҳои таълимӣ роҳхат гирифт.
Лола РИЗОӢ
НОҲИЯИ СИНО. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ
Соли равон дар ноҳияи Сино бунёди 4 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 336 ҷойи кор дар нақша аст. Аз ин 3 корхона бо беш аз 300 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт, корхонаи дигар то охири сол ифтитоҳ мегардад.
Тавре раиси ноҳия Тоҷиддин Саидзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар ноҳия 321 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 72 намуди маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешавад.
Моҳҳои январ - июни соли равон аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия, дар маҷмуъ, ба маблағи 907,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 123,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 115,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Сино саноат яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолӣ буда, ба рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим мебозад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (21-уми декабри соли 2021) бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд. Мақсади асосӣ муҳайё намудани шароит барои корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва минтақа, ҳар чи бештар бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, афзун кардани иқтидори содиротии маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои кор мебошад.
Бо мақсади амалишавии ин ҳадаф дар ноҳия 24 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1299 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин раванд солҳои 2022-юму 2023-юм 14 корхона бо 606 ҷойи кор сохта ба истифода дода шуд, ки аз нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино чорто зиёд мебошад.
Кароматулло АТО
ММҚ
54 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузашт
Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 54 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузарондани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гашт.
Таҳлили натиҷаи экспертиза нишон дод, ки дар лоиҳаҳои пешниҳодгардида, риоя нашудани қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, мухолифат ё номувофиқатии байни меъёрҳои санадҳои ҳуқуқие, ки як муносибати ҷамъиятиро танзим менамоянд ва ҳолатҳои риоя нагардидани услуби расмии забони тоҷикӣ ҷой доранд. Дар ин бора Иззатулло Саидзода, директори Марказ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, дар ин замина, Марказ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 243 пешниҳод ирсол намуд, ки онҳо барои пешгирӣ ва бартараф намудани номувофиқатии баъзе моддаҳои санадҳои расмӣ ва рушди қонунгузории соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ мусоидат хоҳанд кард.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РОССИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
Ҳимояи 5 рисолаи номзади илм ва 1 доктори илм дар соли ҷорӣ
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, профессор Машраб Файзулло, тазаккур дод, ки дар соли хониши ҷорӣ 2 устоди Донишгоҳ соҳиби унвони профессорӣ гардид, ба 13 каси дигар унвони илмии дотсентӣ дода шуд.
Зимни муаррифии дастовардҳои ҳайати омӯзгорон зикр намуд, ки устодони даргоҳи илму маърифат пайваста аз пайи такмили дониш, малака ва маҳорати касбии хеш мебошанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ, яъне соли хониши 2023-2024 дар Донишгоҳ 5 омӯзгор рисолаи номзади илм ва як кас рисолаи доктори илмро дифоъ карданд. Донишҷӯён низ дар сабқатҳои илмӣ ва озмунҳои фаннии байналмилаливу ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзиданд, аз онҳо 27 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Донишгоҳ бо 202 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, аз ҷумла дар соли ҷорӣ бо 27 донишгоҳи Чин, Россия, Лаҳистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Гулнисои САЪДОНШО
ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН
5 ихтисоси донишгоҳ соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки 5 ихтисоси Донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
“Соли равон ихтисосҳои 1-49010102-технологияи маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизоии бо роҳи махсус хушкондашуда ва 1-49010103-технологияи консервкунонии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ муваффақона гузаштанд”- иброз дошт Зоир Раҳмонзода.
Таъкид гардид, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон шашумин маротиба аз аттестатсияи навбатии давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Иҷозатномаи Т-ИФ №0005159 аз 13 майи соли равон оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муҳлати бемаҳдуд дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ гашт.
Лола РИЗОӢ
Маъруф Ҷаъфарзода: “Рухсатпулии омӯзгорон дар минтақаи Кӯлоб 75 дарсад пардохт гардид”
Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бо тағйиру иловаҳо 106 дарсад иҷро гардида, ба хазина 220,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки назар ба нақша 12,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Мавсуф тазаккур дод, ки маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ пурра пардохт гардида, аз буҷети вилоятӣ 96 дарсад таъмин гашт.
Номбурда афзуд, ки пардохти рухсатпулии омӯзгорон зери назорати қатъӣ қарор дорад. Айни ҳол, 45,6 миллион сомонии он пардохт шудааст, ки 75 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар мавриди санҷишҳои шуъбаи “Аудит”-и дохилӣ иброз дошт, ки дар ин давра тибқи нақшаи корӣ дар 81 ташкилоту муассисаи буҷетии минтақаи Кӯлоб ҷиҳати мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлил гузаронда, 656 ҳазор сомонӣ маблағҳои ғайримақсаднок истифодабурдаро ошкор карданд. Аз он 350 ҳазор сомонӣ барқарор шуда, 250 ҳазор сомонӣ ба фоидаи муассисаҳо ва 100 ҳазор сомонӣ ба буҷет равона гардид.
Суннати СОДИҚ