Ҳайати Прокуратураи генералӣ бо роҳбарии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 22-юми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо вобаста ба нақшу вазифаҳои прокуратура дар самти истифодабарии технологияҳои муосир дар фаъолияти прокурорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.
Юсуф Раҳмон дар мавзуи «Нақши прокуратура дар шароити ҷаҳони муосир ва асри рақамикунонӣ: таҷрибаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва таъмини ҳуқуқи инсон» сухан гуфт.
Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо сафири Олмон
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф вохӯрд.
Тавре ба мо аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мулоқоти Сарвазири Покистон бо сафири Тоҷикистон
26-уми июл Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Исломобод Юсуф Шарифзодаро ба ҳузур пазируфт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни суҳбат Шаҳбоз Шариф аз сафари расмиаш ба Душанбе ёдовар шуда, аз истиқболи самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуд.
Сарвазири Покистон бо қаноатмандӣ аз тавофуқоти бадастомада дар ҷараёни сафар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки пайгирӣ ва иҷрои саривақтии ин санадҳо равобити дуҷонибаро боз ҳам тақвият медиҳад.
Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
Байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Маркази илмӣ-тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шансии Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар самти метрология ба имзо расид.
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мо тавзеҳ доданд, ки Ёддошти ҳамкориро директори Агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода ва директори Маркази илмӣ-тадқиқотию ташхисӣ ва метрологияи музофоти Шанси Ван Сяотсао имзо намуданд.
Бояд гуфт, ки имзои ин санад оғози ҳамкории нав гардида, имкониятҳои навро барои содироти молу маҳсулоти ватанӣ фароҳам меораду ҷиҳати густариши мутақобилаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ ва рушди бештари иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар соҳаи варзиш тақвият мебахшанд
26-уми июл дар шаҳри Париж дар ҳошияи ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо иҷрокунандаи вазифаи вазири варзиши Ҷумҳурии Фаронса Амели Удеа-Кастера мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар вохӯрӣ тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти варзиш баррасӣ гардид. Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи варзиши касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишӣ, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 табодули афкор намуданд.