Бар асари тағйирёбии иқлим ва бинобар тамомшаванда будани манбаъҳои анъанавии неру – нафт ва сӯзишворӣ бештари кишварҳои ҷаҳон ба неруи алтернативӣ (барқароршаванда) рӯй оварда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, дар ин самт метавонад аз навовариҳои илму техникаи ватанӣ самаранок истифода барад. Чунончи, тибқи арзёбии олимони ватанӣ, дастрастарин манбаи барқароршаванда барои Тоҷикистон пас аз неруи обӣ, энергияи офтобӣ мебошад, зеро кишвари мо дар камари офтобӣ ҷойгир буда, истифодаи самараноки он аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
ИМКОНИЯТҲОИ НЕРУИ ОФТОБӢ ВА РУШДИ САЙЁҲИИ МАВЗЕЪҲОИ ДУРДАСТ
Ба гуфтаи Анвар Қодирӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Марказ дар самти энергияи барқароршаванда дастовардҳои зиёди илмӣ дорад, ки ҳоло дар истеҳсолот ва истифодаи умум ҷорӣ нестанд. Панели офтобии шинокунанда яке аз навовариҳоест, ки дар сурати амалишавӣ метавонад дар баробари беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва вориди фоидаи бештар ба буҷети мамлакат мусоидат намояд. Вале барои расидан ба ин ҳадаф саъю талоши ҳамаҷонибаи масъулону соҳибкорон зарур аст.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва ояндадори иқтисоди миллӣ буда, рушду пешрафти он зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат ҳанӯз 26-уми декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ аз дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуда, супориш доданд, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад. Ҷиҳати иҷрои ин дастури Сарвари давлат олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ бурда, дар самти ҷорисозии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ба навоварии илмӣ ноил шуданд.
НАСБИ НЕРУГОҲҲОИ ОФТОБИИ ШИНОКУНАНДА ДАР КӮЛҲО
Гуфтан ба маврид аст, ки таҳти ҳидоятҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва саъю кӯшиши мутахассисону кормандони соҳа сайёҳӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои охир вусъати тоза касб менамояд. Кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву кӯлҳои оби мусаффо ва водиҳои зархези он иқтидори бузурги сайёҳӣ доранд. Диққати сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро, пеш аз ҳама, кӯлҳои Тоҷикистон ва ҷойҳои истироҳатии соҳилҳои ин кӯлҳо ба худ ҷалб мекунанд. Кӯлҳои Қарокӯл, Яшилкӯл, Зоркӯл ва Сарез дар Помири баландкӯҳ, Искандаркӯл, Кӯликалон ва кӯлҳои Марғузори водии Зарафшон мавзеъҳои асосии сайёҳии кишвар маҳсуб меёбанд. Бино ба гуфтаи коршиносони ватанӣ, камбуди ҷиддии ин мавзеъҳо вуҷуд надоштан ё кам будани манбаи устувори неруи барқ мебошад. Бо назардошти ин ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии ҷалби манбаъҳои нави алтернативии барқароршавандаи энергия, олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ насби панелҳои офтобии шинокунанда (неругоҳҳои шинокунандаи офтобии на он қадар калон)-ро дар сатҳи оби кӯлҳои номбурда зарур мешуморанд.
Бино ба гуфтаи А. Қодирӣ, бо насби неругоҳи шинокунандаи понтонии тавоноиаш 50 кВт зиёда аз 400 кВт/соат неруи барқ дар як шабонарӯз истеҳсол кардан мумкин аст. Чунин миқдори неруи барқ басанда аст, ки эҳтиёҷи хонаҳои модулии дар соҳили кӯл насбнамудаи сайёҳон бароварда шавад. Инчунин, неруи истеҳсолшударо метавонанд шикорчиён, чӯпонҳо, ҷангалбонон, сейсмологҳо ва геологҳо, ки дар мавзеъҳои дурдаст фаъолият мекунанд, истифода баранд.
Бино ба гуфтаи олимони ватанӣ, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки сохтани неругоҳҳои офтобӣ дар рӯи оби кӯлҳо дар қиёс бо неругоҳҳои дар қитъаи замин сохташуда якчанд афзалият дорад, ки ин ҷо онҳоро номбар мекунем.
БАРТАРИИ НЕРУГОҲҲОИ ОФТОБИИ ШИНОКУНАНДА
Аввалан, насби неругоҳҳои офтобии шинокунанда масъалаи норасоии қитъаҳои заминро дар кӯҳсор аз байн мебарад. Баъдан, бо истифода аз понтонҳо ҷойгир намудани модулҳои офтобӣ дар рӯи оби кӯлҳо имкон медиҳад, ки аз ҳисоби нурҳои офтобии аз об инъикосёфта 10 дарсад бештар қувваи барқ истеҳсол карда шавад. Ғайр аз ин, иқтидори неругоҳҳои офтобии шинокунанда дар фасли тобистон ба ҳадди аксар мерасад, ки маҳз дар ҳамин фасл сайёҳони зиёд ба ин мавзеъҳо ташриф меоранд. Ҳамзамон, насби неругоҳҳои шинокунанда имконияти бештари пастшавии бухоршавии оби кӯлҳо ва беҳтаршавии сифати об аз ҳисоби камшавии афзоиши обсабзҳоро дорад. Бояд дар назар дошт, ки модулҳои офтобии дар неругоҳҳои шинокунанда насбгардида дар соҳили кӯл тарзе ҷой мегиранд, ки ба онҳо соя намерасад. Боз як бартарии модулҳои шинокунанда хеле кам будани чангу ғубор дар рӯи кӯлҳо маҳсуб мешавад. Сониян, неругоҳҳои мазкур ба омодасозии майдонҳои сохтмонӣ ва банд кардани қитъаҳои замин эҳтиёҷ надоранд.
– Таҷрибаи насбкунии модулҳои офтобии шинокунанда имконият хоҳад, дод, ки дар ояндаи начандон дур дар фикри сохтани неругоҳҳои гибридии барқи офтобиву обӣ дар обанборҳои азими Тоҷикистон бошем, ки иқтидори техникии онҳо ниҳоят бузург мебошад, – мегӯяд А. Қодирӣ.
Ҷиҳати беҳтар гардондани таъмини неруи барқ дар яке аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ лоиҳаи пилотии сармоягузориро доир ба сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои рӯиобии барқи офтобӣ омода карда истодааст ва ҳангоми пайдо шудани маблағгузор метавонад ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин неругоҳ шуруъ намояд.
Воқеан, рушди «энергияи сабз», аз ҷумла энергияи офтобӣ, барои Тоҷикистон имкони хуби пешрафт дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар ин самт иқтидори азим дорад ва метавонад дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ноил гашта, ҳамчун кишвари дорои «иқтисоди сабз» нуфузи бештар пайдо намояд. Итминон дорем, ки соҳибкорони ватандӯст ба ин ҷанбаи илмии имкониятҳои фарохи мамлакат ва навовариҳои олимони ватанӣ нигоҳи ояндабинона карда, ҷиҳати рушду пешрафти бештари Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми бештар мегузоранд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»