29-уми июл мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон атрофи масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, бавижа ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об табодули афкор намуданд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз маркази матбуоти Вазорат хабар доданд.
Мулоқоти вазири адлия бо намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин
Вазири адлия Музаффар Ашуриён бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Тсзян Тсзинго, узви Кумитаи доимӣ, муовини раиси Комиссия оид ба корҳои миллӣ ва динии Шурои машваратии сиёсии Чин, муовини раиси ҷамъияти Чин оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон вохӯрд.
Тавре ба мо дар Вазорати мазкур тавзеҳ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самтҳои болозикр муҳокима гардиданд.
Тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистон бо БОР
Ҷиҳати муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, муовини якуми вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо мушовири байналмилалии Бонки осиёии рушд (БОР) Георгий Лалиашвили суҳбат дошт.
Тавре ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорати молия хабар доданд, дар чорабинӣ масъалаҳои гуногун марбут ба интишор ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин, беҳтар намудани шароити хариду хизматрасонии онҳо дар бозорҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Имзои Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор»
Тибқи Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки рушди Олмон (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҶСК «Помир энерҷи» (иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст, дар маҷмуъ, аз ҷониби KfW 44,4 миллион евро грант ҷудо мегардад.
Ба ин мақсад, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби вазир Завқӣ Завқизода ва директори генералии ҶСК «Помир энерҷи» Амрихон Раимов тағйирот ба Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз дафтари матбуотии Вазорат иттилоъ доданд.
Рушди соҳаи ақибгоҳӣ-беҳдоштӣ ва вазъи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ
Ҷамъомади методӣ-таълимии муовинони фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони командирон оид ба ақибгоҳ ва сардорони хадамотҳои ақибгоҳии қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои зудамал ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ баргузор гашт.
Зимни оғози ҷамъомади мазкур муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ генерал-майор Бобоҷон Саидзода диққати ҳозиронро ба таъминоти ақибгоҳӣ, ки омодабошии ҷангии қисму воҳидҳои ҳарбӣ ба он вобастагии зич дорад, ҷалб намуд. Дар нуқтаҳои таълимӣ барои афсарони соҳа амалҳои гуногун оид ба риояи дурусти қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар рафти хизмати рӯзмарра ва иҷрои ҳатмии талаботи ойинномавии онҳо, бо роҳу усулҳои гуногун ва таҷрибаи пешқадам нишон дода шуд.