Амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ин иттилоотонии ҷомеа вобаста ба такмили қонунгузорӣ, мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳи сиёсати давлатӣ ва ташвиқи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ин самт мебошад.
Ин нуктаро Миҷгона Бобоҷонзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошта, илова намуд, ки бо ин мақсад, фаъолият дар самти иттилоотонӣ тақвият дода шудааст. Ба ин манзур, кормандони ин ниҳод тавассути матбуот, телевизион ва радио 47 баромаду суҳбати муфид анҷом доданд, ки дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон бетаъсир нахоҳанд буд.
Бино ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони ҷомеа низ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мусоидат намудаанд. Зимни дидор бо мардум ва доир намудани қабули сайёр масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, аз ҷумла озод будани кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, пешгирии ҳолатҳои манъи таҳсили онҳо, тарбияи дурусти ноболиғон бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил ва аҳамияти он дар инкишофи шахсият дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор гирифтанд.
Миҷгона Бобоҷонзода итминон дод, ки минбаъд низ бо мақсади беҳтар намудани раванди иттилоотонӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак тадбирҳои муҳиму амалӣ рӯи даст гирифт мешаванд. Дар ин робита, Ваколатдор оид ба ҳуқуқӣ кӯдак тасмим гирифтааст, дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ, нашри маводи иттилоотӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро бештар намуда, ҳамкориҳои байни мақомоти давлатӣ ва аҳолиро дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таҳким бахшад.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”