Қаллобӣ ҳаёти ду корманди комиссариати ҳарбиро доғдор кард
Сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав Раҷабзода И.С. барои ба як шаҳрванд додани билети ҳарбии қалбакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда зимни фаъолияти кориаш дар ин мақом ба боварии шаҳрванд Г.Б. даромада, аз ӯ барои омода карда додани билети ҳарбӣ оид ба адои хизмати алтернативӣ 31 100 сомонӣ гирифтааст. Сипас, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Ёров И.Р. ва собиқ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино маҳрум Буриев З.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ билети ҳарбиро таҳти силсилаи №892727 омода карда дода, бо ин кирдор ба шаҳрванд Г.Б. зарари калони моддӣ расонданд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе ирсол гардидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи заминсози “заминфурӯш” ба суд рафт
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боз парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба заминро, ки алайҳи раиси кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Муродзода Ғ.М. ва дигарон оғоз шуда буд, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристодааст.
Тавре маркази матбуоти Агентӣ дар ин бора хабар дод, раиси кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент бо суиистифода аз ваколатҳои мансабиаш солҳои 2023 ва 2024 барои омода ва тартиб додани пешниҳод унвонии раиси шаҳри Панҷакент ва мусоидат намудан ҷиҳати гирифтани қарори раиси шаҳр оид ба ҷудо кардани қитъаи замин дар 4 ҳолат аз шаҳрвандон 18 000 сомонӣ гирифтааст.
Ғайр аз ин, Муродзода Ғ.М. давоми моҳҳои феврал – апрели соли 2024 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари Кооперативи тиҷоратии “Ҳаёти нав”-и шаҳри Панҷакент Зиёвидинов У.Ҳ. амал карда, барои ба фурӯш баровардани 0,20 гектар қитъаи замин аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳр аз шаҳрванд А.А. 40047,5 сомонӣ гирифта, ҳамон лаҳза аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир гардиданд.
Дар ин робита, парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Муродзода Ғ.М. ва дигарон бо дастрасии се модда (247 қисми 2 бандҳои “в,г”, 314 қисми 1 ва 319 қисми 1) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»