30-юми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба шаҳри Теҳрон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом, роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.