Дар партави таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2024” баргузор гардид.
Дар Форум бештар аз 250 соҳибкору сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, корпусҳои дипломатӣ, сафоратҳо, ширкату ташкилотҳои бонуфуз ширкат варзида, ба соҳибкорону шарикони рушд барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ шароити бештарро фароҳам оварданд.
Ҳайати расмӣ ва меҳмонон, нахуст, аз намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои маҳаллӣ, дастранҷи деҳқонону косибон, ҳунармандон, муҳрабофону зардӯзон, ки дар растаҳои алоҳида ба намоиш гузошта шуда буданд, боздид ба амал оварданд. Дар ҳар як раста ҳайати расмӣ ва меҳмононро санъаткорон бо дилгармӣ истиқбол намуда, масъулин имконият ва зарфиятҳои рушди вилоятро муаррифӣ мекарданд.
Форуми «Помиринвест-2024»-ро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфт.
Раиси вилоят зикр кард, ки дар ду соли охир тариқи Форуми мазкур маблағи умумии зиёда аз 2 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти вилоят ворид шуд ва таваҷҷуҳи субъектҳои соҳаҳои гуногун ба ин чорабинӣ сол ба сол бештар мегардад.
Айни ҳол тибқи шартномаҳои дар форумҳои пеш баимзорасида 15 корхона ба маблағи 727 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст, ки 32 фоизи шумораи умумии созишномаҳои солҳои 2022-2023-ро ташкил медиҳад. Дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳамчунин, 7 иншоот дар самти хизматрасонӣ ба маблағи 155,5 миллион сомонӣ дар ихтиёри ҷомеа вогузор шуд. Дар маҷмуъ, бо ин мақсад, 881 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Айни ҳол кор дар бунёд ва таъсиси 40 иншооти таъиноти истеҳсолию хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ ба маблағи 1 миллиарду 403 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.
Танҳо дар дую ним соли охир рушди миёнаи иқтисодиёти вилоят дар сатҳи 10,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят аз 1,1 миллиард сомонии соли 2021 то ба 1,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 ва даромади буҷети вилоят дар ин давра аз 328,5 миллион сомонӣ ба 473,2 миллион сомонӣ расид.
Дар доираи эълони солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат ва ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 92 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай, 70 иншооти саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт ва то охири соли ҷорӣ боз 30 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Таъкид гардид, ки дар баробари корҳои анҷомдодашуда зарфияту имкониятҳои бузурги инкишоф то ҳол интизори корбарӣ ҳастанд. Махсусан, дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва саноати сабук, яъне истеҳсоли маводи ниёзи аввалия имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёд мебошанд.
Дар идомаи суханронӣ зикр шуд, ки дар вилоят дар баробари ёдгориҳои нодири табиат, ёдгориҳои қадимаи таърихӣ, аз ҷумла ба ақоиди буддоӣ ва зардуштӣ мансуббуда низ вуҷуд доранд. Қалъаҳои таърихии Қаҳқаҳа, Ямчун, Вомар интизори на танҳо муаррихон, балки дӯстдорони таъриху сайёҳон ҳастанд.
Яке аз баландтарин қулла – Исмоили Сомонӣ ва пиряхи калонтарини дар хушкӣ вуҷуддошта – Ванҷях низ дар Бадахшон ҷойгир аст. Ҷаҳониёне, ки дар бораи кӯли Сарез маълумот доранд, кӯшиш менамоянд боре аз он дидан намоянд.
Самти кишоварзӣ бо фарогирии моҳипарварию чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпар-варӣ соҳаҳое ҳастанд, ки дар сурати ба роҳ мондани истеҳсолу коркарди маҳсулот дар ин ҷодаҳо ҳам мушкилоти таъминоти дохилӣ пурра ҳалли худро меёбад ва ҳам ҳаҷми содироти мол аз вилоят афзоиш хоҳад ёфт.
Дар идомаи Форум 58 созишнома ва тафоҳумномаҳои тарафайн ба маблағи зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ ба имзо расиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки кори Форум дар ду панел – “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати устувор намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” ва “Баланд бардоштани саводнокии молиявии соҳибкорон дар бахши молия ва бонкдорӣ” идома ёфт.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”