Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин таъсис ва истифодаи имзои электрониро дар раванди ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) ҳуҷҷати электронӣ – маълумоте, ки дар шакли электронӣ пешниҳод шудааст;
2) шакли электронӣ – маҷмуи технологияҳое, ки барои омода кардан, қабул намудан ва табодули маълумот бо истифода аз имзои электронӣ имкон медиҳанд;
3) низоми иттилоотӣ – низоме, ки иштирокчиёни он бо истифода аз имзои электронӣ мубодилаи маълумотро дар шакли электронӣ амалӣ менамоянд;
4) низоми иттилоотии корпоративӣ – низоми иттилоотие, ки дар он иштирокчиёни ҳамкории мутақобилаи электронӣ доираи муайяни шахсон мебошанд;
5) низоми иттилоотии истифодаи умум – низоми иттилоотие, ки дар он иштирокчиёни ҳамкории мутақобилаи электронӣ доираи номуайяни шахсон мебошанд;
6) иштирокчиёни низоми иттилоотӣ (иштирокчиёни гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ) – шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, ки ҳангоми татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ аз имзои электронӣ истифода мебаранд;
7) гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ) – таҳия, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ карда мешаванд;
8) имзои электронии одӣ – маълумоте, ки барои муайян намудани иштирокчии муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иродаи ӯ дар амал ва аҳдҳо (шартномаҳо) имкон медиҳад;
9) имзои электронии мукаммал – реквизити ҳуҷҷати электронӣ, ки бо истифода аз калиди имзои электронии мукаммал ташаккул меёбад ва барои ҳифзи ҳуҷҷати электронӣ аз қалбакӣ сохтани он равона карда мешавад;
10) имзои электронии ҳифзшуда (имзои электронии рақамӣ) – реквизити ҳуҷҷати электроние, ки дар натиҷаи табдили криптографии маълумот бо истифода аз калиди пӯшидаи имзои электронӣ ба даст оварда шудааст ва барои айнияткунонии соҳиби сертификати калиди имзо имкон медиҳад, мавҷуд набудани таҳрифи маълумотро дар ҳуҷҷати электронӣ муқаррар менамояд ва ба ҳифзи ҳуҷҷати электронӣ аз тағйироти беиҷозат равона карда шудааст;
11) воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда – воситаҳои дастгоҳӣ ва (ё) барномавие, ки иҷрои ақаллан яке аз функсияҳои зеринро таъмин менамоянд:
а) омода кардани имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз калиди пӯшидаи имзои электронӣ;
б) тасдиқи аслияти имзои электронӣ дар ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз калиди кушодаи имзои электронӣ;
в) омода кардани калидҳои пӯшида ва кушодаи имзоҳои электронӣ;
12) калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда – пайдарҳамии рамзҳо, ки ба соҳиби сертификати калиди имзо маълум аст;
13) калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда – пайдарҳамии рамзҳои имзои электронӣ, ки ба ҳар як истифодабаранда дастрас буда, барои тасдиқ кардани аслияти имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ пешбинӣ гардидааст;
14) сертификати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда – ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ, ки тибқи қоидаҳои системаи сертификатонӣ ҷиҳати тасдиқи ба талаботи муқарраргардида мутобиқ будани воситаҳои имзои электронии рақамӣ дода шудааст;
15) сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда – ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ё ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии ҳифзшудаи шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда, ки дар худ калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшударо дар бар гирифта, он аз ҷониби маркази тасдиқкунанда ба иштирокчии низоми иттилоотӣ ҷиҳати тасдиқи аслӣ будани имзои электронии ҳифзшуда ва айнияткунонии дорандаи сертификати калиди имзо дода мешавад;
16) сертификати калиди имзои электронии мукаммал – ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ё ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии ҳифзшудаи шахси ваколатдор, ки калиди имзои электронии мукаммали дарбаргирандаи калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшударо додааст, ки он аз ҷониби шахси ваколатдор ба иштирокчии низоми иттилоотӣ ҷиҳати тасдиқи аслӣ будани имзои электронии ҳифзшуда ва айнияткунонии дорандаи сертификати калиди имзо дода мешавад;
17) тасдиқи аслияти имзои электронии ҳифзшуда дар ҳуҷҷати электронӣ –натиҷаи мусбии санҷиш бо воситаи дахлдори сертификатсияшудаи имзои электронии ҳифзшуда бо истифода аз сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда оид ба мансубияти имзои электронии ҳифзшуда дар ҳуҷҷати электронӣ ба дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ва мавҷуд набудани таҳрифкорӣ дар ҳуҷҷати электронии имзошуда;
18) имзокунандаи ҳуҷҷати электронӣ – иштирокчии низоми иттилоотӣ, ки ҳангоми имзои ҳуҷҷати электронӣ аз имзои электронӣ истифода мебарад;
19) дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда – шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, намояндаи қонунии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби маркази тасдиқкунанда ба номаш сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дода шудааст ва ӯ дорои калиди пӯшидаи дахлдори имзои электронии ҳифзшуда мебошад, ки бо ёрии воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда барои истифодаи имзои электронии худ дар ҳуҷҷатҳои электронӣ имкон медиҳад;
20) истифодабарандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда – иштирокчии мубодилаи иттилоотии электронӣ, ки маълумот дар бораи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшудаи дар маркази тасдиқкунанда гирифташударо дар рафти санҷиши мансубияти имзои электронии ҳифзшуда ба дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда истифода мебарад;
21) маркази сертификатсияи калидҳои кушодаи имзои электронӣ (минбаъд – маркази тасдиқкунанда) – шахси ҳуқуқӣ, ки дорои ҳуқуқи тасдиқи мутобиқати калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда ба калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда, ки ба номи ӯ шаҳодатномаи бақайдгирӣ (дорандаи шаҳодатнома) дода шудааст, мебошад;
22) санҷиши аслияти имзои электронии ҳифзшуда – пайдарҳамии амалҳо, ки дар рафти он маълумот дар бораи мутобиқати калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшудаи иштирокчии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда санҷида мешавад;
23) бойгонии электронӣ – махзани маҷмуи ҳуҷҷатҳои электронӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Муқаррароти Қонуни мазкур ба инҳо татбиқ мегардад:
1) ҳуҷҷатҳои электронии мақомоти давлатӣ (ба истиснои ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти контрразведка, разведка ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, истифодаи чораҳои криптографию оперативии ҳифзи сирри давлатӣ), шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани аҳдҳои маданию ҳуқуқӣ, инчунин ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) имзои электроние, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур омода карда шудааст:
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи дигар имзои ҳаммонанди дастӣ ба миён меоянд, паҳн намегардад.
БОБИ 2. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 4. Мақомоти ваколатдор оид ба назорати давлатӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва дар соҳаи имзои электронӣ
Мақоми ваколатдор оид ба назорати давлатӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ) ва мақоми ваколатдор оид ба назорати давлатӣ дар соҳаи имзои электронӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 5. Ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ
Ба ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ мансубанд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ;
2) таҳияи дурнамо, стратегия, консепсия ва барномаҳо дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи онҳо;
3) тасдиқи қоидаҳои намунавӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷати электронӣ;
4) муқаррар намудани қоидаҳои бойгоникунонӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ;
5) амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ
Ба ваколати мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ мансубанд:
1) татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи имзои электронӣ;
2) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи имзои электронӣ, аз ҷумла таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои таъмини равобити мутақобила байни феҳристҳои сертификатҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшудаи марказҳои гуногуни тасдиқкунанда, инчунин имконияти истифодаи нигоҳдошти махсуси калидҳои пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда ва ҳангоми гирифтани имзои электронии ҳифзшуда истифодаи маълумоти шахсии муроҷиаткунандагон, ки дар мақомоти давлатӣ мавҷуданд;
3) расонидани ёрии амалӣ ва методӣ ба мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёни дигари гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ;
4) тасдиқи Низомномаи намунавии маркази тасдиқкунанда;
5) тасдиқи қоидаҳои додан, нигоҳдорӣ, бозхонди сертификатҳо ва тасдиқи мансубият ва эътиборнокии калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда аз ҷониби маркази тасдиқкунанда, аз ҷумла маркази тасдиқкунандаи решавӣ ва марказҳои тасдиқкунандаи мақомоти давлатӣ;
6) тасдиқи қоидаҳои ҳамкории мутақобилаи марказҳои тасдиқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тасдиқкунанда ва тарафҳои сеюми бовариноки давлатҳои хориҷӣ;
7) тасдиқи қоидаҳои санҷиши аслияти имзои электронӣ, аз ҷумла тасдиқи аслияти имзои электронии ҳифзшуда дар ҳуҷҷати электронӣ;
8) таҳия ва тасдиқи тартиби ба даст овардан ва истифодабарии сертификатҳои решавии имзои электронии ҳифзшуда;
9) амалигардонии тасдиқи аслияти имзоҳои электронии ҳифзшудаи шахсони ваколатдори марказҳои тасдиқкунанда дар сертификатҳои калиди имзоҳои электронии ҳифзшудаи аз ҷониби онҳо додашуда;
10) додани иҷозатнома ба марказҳои тасдиқкунанда ва муайян намудани талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) санҷиши фаъолияти марказҳои тасдиқкунанда дар самти риоя ва иҷро намудани талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо;
12) амалӣ намудани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ШАРТҲОИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 7. Соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
1. Ҳуҷҷати электронӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолият, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникии барои омода, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шавад.
2. Бо ёрии ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонанд аҳдҳо ба амал бароварда шаванд (шартномаҳо баста шаванд), ҳисоббаробаркуниҳо, мукотибот, интиқоли ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигар ба роҳ монда шаванд.
3. Маҳдудиятҳо доир ба истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонанд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
Моддаи 8. Намудҳо ва сохтори ҳуҷҷати электронӣ
1. Ҳуҷҷатҳои электронӣ ба ҳифзшуда ва одӣ тақсим мешаванд. Ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда бо имзои электронии ҳифзшуда имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати электронии одӣ бо имзои электронии одӣ ё имзои электронии мукаммал имзо карда мешавад.
2. Ҳуҷҷати электронӣ аз қисмҳои умумӣ ва махсус иборат аст. Қисми умумии ҳуҷҷати электронӣ аз маълумоте, ки мазмуни ҳуҷҷатро ташкил менамояд ва маълумот дар бораи гирандаи мактуб иборат аст. Қисми махсуси ҳуҷҷати электронӣ аз як ё якчанд имзоҳои электронӣ иборат аст.
Моддаи 9. Нусхаи аслии ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда
Нусхаи аслии ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда танҳо дар шакли электронӣ, ки бо имзои электронии ҳифзшуда имзо шудааст, мавҷуд аст.
Моддаи 10. Эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ
1. Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳамон вақт имзошуда эътироф карда мешавад, агар ҳангоми имзои он имзои электронӣ истифода шуда бошад.
2. Ҳуҷҷати электронӣ, ки бо имзои электронии ҳифзшуда имзо шудааст (ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда) бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, ки бо имзои дастӣ имзо шудааст, эътибори ҳуқуқии баробар дорад.
3. Ҳуҷҷати электронӣ, ки бо имзои электронии одӣ ё имзои электронии мукаммал (ҳуҷҷати электронии одӣ) имзо шудааст, дорои эътибори ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ дар сурате эътироф карда мешавад, агар ин ҳолат дар созишномаи байни иштирокчиёни низоми иттилоотӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
4. Дар гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ танҳо ҳуҷҷатҳои электронии ҳифзшуда истифода мешаванд.
Моддаи 11. Омода кардан, ба расмият даровардан, нигоҳ доштан ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Қоидаҳои омода кардан, ба расмият даровардан, нигоҳ доштан ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байни иштирокчиёни низоми иттилоотӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 12. Нигоҳдорӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ
1. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки фаъолияти бойгонӣ, инчунин фаъолиятро оид ба нигоҳдории маълумоти ҳуҷҷатишуда пеш мебаранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби ташкили бойгонии электронӣ, инчунин тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ дар бойгониҳои электронӣ ва нобуд кардани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Ҳифзи ҳуҷҷатҳои электронӣ
Шахсоне, ки ба омода кардан, коркард, қабул, интиқол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, бояд аз воситаҳои барномавӣ ва техникие истифода баранд, ки сатҳи зарурии ҳифзи ин гуна ҳуҷҷатҳоро аз тағйироти беиҷозат таъмин менамоянд.
Моддаи 14. Ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти паҳншавиашон манъшуда ё маҳдудшуда
Мазмуни ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонад маълумоте бошад, ки дорои сирри хизматӣ ё тиҷоратӣ, инчунин дигар маълумоте бошад, ки паҳн кардани он манъ ё маҳдуд карда шудааст. Қоидаҳои истифода ва чораҳои ҳифзи чунин маълумотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 15. Фиристодан ва қабули ҳуҷҷати электронӣ
1. Вақти фиристонидани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзаи баромадани ҳуҷҷати электронӣ аз низоми иттилоотии ирсолкунанда ҳисобида мешавад.
2. Вақти қабул намудани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзаи ворид шудани ҳуҷҷати электронӣ ба низоми иттилоотии қабулкунанда ҳисобида мешавад.
3. Макони фиристодан ва қабул намудани ҳуҷҷати электронӣ ҷойи истиқомат барои шахсони воқеӣ ва суроғаи ҳуқуқӣ барои иштирокчиёни дигари гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ эътироф карда мешавад.
Моддаи 16. Масъулият барои мазмуни ҳуҷҷати электронӣ
Масъулият барои мазмуни ҳуҷҷати электроние, ки бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба расмият дароварда шудааст, ба зиммаи имзокунандаи ҳуҷҷати электронӣ вогузор мегардад.
БОБИ 4. ШАРТҲОИ ИСТИФОДАИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 17. Истифодаи имзои электронӣ
1. Имзои электронӣ ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, аҳдҳо (шартномаҳо), дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
2. Имзои электронӣ метавонад ҳам дар низоми иттилоотии корпоративӣ ва ҳам дар низоми иттилоотии истифодаи умум бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур истифода шавад.
Моддаи 18. Намудҳои имзоҳои электронӣ
1. Ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва аҳдҳо (шартномаҳо) метавонанд имзоҳои электронии зерин истифода шаванд:
1) имзои электронии одӣ;
2) имзои электронии мукаммал;
3) имзои электронии ҳифзшуда.
2. Имзои электронии одӣ бо комбинатсияи логин ва парол, рамзи тасдиқкунӣ, тавассути почтаи электронӣ, СМС-паёмак, фармоишҳои USSD ва усулҳои ҳамшабеҳи дигар тасдиқ карда мешавад ва танҳо дар сурате истифода мешавад, ки агар дар созишномаи иштирокчиёни низоми иттилоотӣ имконияти истифодаи он пешбинӣ шуда бошад. Ҳангоми истифодаи имзои электронии одӣ калиди санҷиши имзо, воситаҳои имзои электронӣ ва сертификати калиди санҷиши имзо истифода намешаванд.
3. Имзои электронии мукаммал бо калиди имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад. Калиди имзои электронии мукаммал аз ҷониби субъектҳое, ки имзои электронии мукаммалро дар гардиши ҳуҷҷатҳои дохилӣ ё низоми иттилоотии корпоративӣ истифода мебаранд, мустақилона таҳия карда мешавад. Имзои электронии мукаммал бояд маълумот дар бораи дорандаи имзои электронӣ ва силсилаи калидро дар бар гирад. Қоидаҳои сертификатонии имзоҳои электронии ҳифзшуда, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, нисбат ба имзоҳои электронии мукаммал низ татбиқ мегарданд.
4. Истифодаи имзои электронии одӣ, тартиби пешниҳод ва истифодаи имзои электронии мукаммал дар гардиши ҳуҷҷатҳои дохилии субъекти муайян метавонад бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии шахси мансабдор ё мақоми дигари идоракунии ваколатдори ин субъект ба расмият дароварда шавад. Тартиби додан ва истифодаи имзои электронии мукаммал дар низоми иттилоотии корпоративӣ бо созишномаи иштирокчиёни низоми иттилоотии корпоративӣ муқаррар карда мешавад. Субъектони низоми иттилоотии корпоративӣ бояд ҳифзи имзоҳои электронии мукаммал ва истифодаи бехатарии онҳоро таъмин намоянд.
5. Имзои электронии ҳифзшуда танҳо ҳангоми имзои ҳуҷҷатҳои электронии ҳифзшуда истифода мешавад. Ҳуҷҷати электронии ҳифзшуда ва имзои электронии ҳифзшуда бояд маълумот дар бораи дорандаи имзои электронӣ, рақами сертификат ва муҳлати амали онро доро бошанд.
Моддаи 19. Шартҳои эътирофи баробарии имзои электронӣ ва имзои дастӣ
1. Имзои электронии одӣ ва имзои электронии мукаммал бо имзои дастӣ дар ҳолатҳое баробардараҷа эътироф карда мешавад, агар дар созишномаи байни иштирокчиёни низоми иттилоотӣ ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд.
2. Имзои электронии ҳифзшуда дар сурати риоя шудани шартҳои зерин бо имзои дастӣ баробардараҷа эътироф карда мешавад, агар:
1) муҳлати амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда мансуб ба ин имзои электронӣ ба охир нарасида бошад;
2) аслияти имзои электронии ҳифзшуда дар ҳуҷҷати электронӣ тасдиқ шуда бошад.
Моддаи 20. Шумораи имзоҳои электронии иштирокчиёни низоми иттилоотӣ
Иштирокчиёни низоми иттилоотӣ ҳуқуқ доранд, ки шумораи бемаҳдуди имзоҳои электрониро истифода баранд.
Моддаи 21. Омода кардани имзоҳои электронӣ
1. Имзоҳои электронии одӣ ва имзоҳои электронии мукаммал аз ҷониби иштирокчиёни низоми иттилоотӣ мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур омода карда мешаванд.
2. Ҳангоми омода кардани имзои электронии мукаммал субъектҳои истифодабарандаи ин намуди имзо бояд талаботҳои зеринро таъмин намоянд:
1) мавҷудияти мутахассисони дахлдор дар воҳиди кории худ;
2) истифодаи воситаҳои имзои электронӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур сертификатсия шудаанд;
3) пешбурди феҳристи калидҳои имзои электронии мукаммал;
4) нигоҳдории маълумот дар бораи сертификати калидҳои имзои электронии мукаммал. Тартиби нигоҳдории сертификати калидҳои имзои электронии ҳифзшуда, ки Қонуни мазкур нисбат ба марказҳои тасдиқкунанда пешбинӣ намудааст, инчунин нисбат ба субъектҳое, ки чунин калидҳои имзои электронии мукаммалро омода мекунанд, татбиқ мегардад;
5) санҷиши аслияти калиди имзои электронии мукаммал;
6) истифодаи имзои электронии мукаммал танҳо дар гардиши ҳуҷҷатҳои электронии дохилӣ ё дар гардиши ҳуҷҷатҳо байни иштирокчиёни низоми корпоративӣ.
3. Имзои электронии ҳифзшуда аз ҷониби марказҳои тасдиқкунанда дар асоси шартномаи бо иштирокчии низоми иттилоотӣ басташуда омода карда мешавад.
БОБИ 5. ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИИ ҲИФЗШУДА
Моддаи 22. Калидҳои имзои электронии ҳифзшуда
1. Ҳангоми истифодаи имзои электронии ҳифзшуда калидҳои кушода ва пӯшида истифода мешаванд.
2. Калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиёни низоми иттилоотӣ дастрас аст. Калиди пӯшидаи имзои электронӣ танҳо аз ҷониби дорандаи он бидуни дастрасии шахсони дигар ба он нигоҳ дошта мешавад ва истифода мегардад.
Моддаи 23. Омода кардани калидҳои имзои электронии ҳифзшуда
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон калидҳои имзои электронии ҳифзшуда аз ҷониби марказҳои тасдиқкунанда дар асоси шартномаҳои дахлдори бо иштирокчиёни низоми иттилоотӣ басташуда омода карда мешаванд.
2. Ҳангоми омода кардани калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, ҳифзи минбаъдаи онҳо ва санҷиши аслияти сертификати калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда бояд танҳо аз воситаҳои сертификатсияшудаи имзоҳои электронӣ истифода шавад.
3. Ҷуброни зарар вобаста ба омода кардани калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда тавассути воситаҳои сертификатсиянашудаи имзои электронӣ аз ҷониби марказҳои тасдиқкунандае, ки калидҳои имзои ҳифзшудаи электрониро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардаанд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда
1. Ҳангоми омода кардани калиди имзои электронии ҳифзшуда ба дорандаи имзои электронии ҳифзшуда сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дода мешавад.
2. Сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда бояд дорои маълумоти зерин бошад:
1) рақами нодири бақайдгирии сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда;
2) санаи оғоз ва ба охир расидани муҳлати амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда, ки дар феҳристи маркази тасдиқкунанда мавҷуд аст;
3) насаб, ном ва номи падари (агар бошад) дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда;
4) калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда;
5) номгӯйи воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда, ки дар онҳо калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда истифода мешавад;
6) маълумот дар бораи маркази тасдиқкунанда, ки сертификати калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшударо додааст, аз ҷумла номгӯй, ҷойгиршавӣ ва силсилаи иҷозатнома.
3. Сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда бояд аз ҷониби маркази тасдиқкунанда на дертар аз як рӯз пеш аз оғози муҳлати амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ба феҳристи сертификатҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшуда ворид карда шавад.
4. Дар сурати додани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дар шакли ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, инчунин сертификат дар бланки маркази тасдиқкунанда ба расмият дароварда шуда, бо имзои дастии шахси ваколатдор ва муҳри маркази тасдиқкунанда тасдиқ карда мешавад.
5. Дар сурати додани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ва маълумоти иловагии зикршуда дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ин сертификат бояд бо имзои электронии ҳифзшудаи шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда тасдиқ карда шавад.
Моддаи 25. Боздоштан ва бекор кардани амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда
1. Маркази тасдиқкунанда уҳдадор аст амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшударо ба муҳлати аз ҷониби дорандаи имзои электронии ҳифзшуда нишондода боздорад.
2. Маркази тасдиқкунанда уҳдадор аст сертификати имзои электронии ҳифзшударо дар ҳолатҳои зерин бекор намояд:
1) баъди ба охир расидани муҳлати амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда;
2) бо дархости дорандаи имзои электронии ҳифзшуда;
3) ҳангоми ошкор намудани нодурустии маълумоти дар ариза зикршуда барои гирифтани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда;
4) бо қарори мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ;
5) ҳангоми ворид намудани тағйирот ба сертификати калиди электронии ҳифзшуда;
6) дар сурати фавти дорандаи калиди имзои электронии ҳифзшуда ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ.
3. Дар сурати боздоштан ё бекор намудани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда, маркази тасдиқкунанда ба феҳристи сертификатҳои калиди имзои электронии ҳифзшуда маълумоти дахлдорро бо нишон додани сана ва вақти боздоштан ё бекор кардани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ворид мекунад, инчунин дар ин бора дорандаи имзои электронии ҳифзшуда ё шахси дигареро, ки аз ӯ дастур оид ба боздоштан ё бекор кардани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда гирифта шудааст, огоҳ менамояд.
Моддаи 26. Уҳдадориҳои дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда
Дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда уҳдадор аст:
1) дастрасии шахсони дигарро ба калиди пӯшидаи имзои электронии худ роҳ надиҳад;
2) ҷиҳати омода кардани имзои электронии ҳифзшуда калиди пӯшидаро истифода набарад, агар асосҳои далолаткунандаи вайроншавии махфияти калиди пӯшида мавҷуд бошанд;
3) дар сурати гум шудани калиди пӯшида ё мавҷуд будани асосҳое, ки ба халалдоршавии махфияти калиди пӯшида далолат менамоянд, боздоштан ё бекор намудани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшударо бетаъхир талаб намояд;
4) сари вақт маркази тасдиқкунандаро дар бораи ҳама гуна тағйирот дар маълумоти шахсии дар сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда мавҷудбуда огоҳ созад;
5) дигар уҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва шартномаи бо маркази тасдиқкунанда басташударо иҷро намояд.
Моддаи 27. Муҳлат ва тартиби нигоҳдории сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дар маркази тасдиқкунанда
1. Муҳлати нигоҳдории сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё дар ҳомили қоғазӣ дар маркази тасдиқкунанда тибқи шартномаи байни маркази тасдиқкунанда ва дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда басташуда муайян карда мешавад.
2. Пас аз гузаштани муҳлати зикршудаи нигоҳдорӣ сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда аз феҳристи сертификатҳои калиди имзо хориҷ карда шуда, ба реҷаи нигоҳдории бойгонӣ гузаронида мешавад.
3. Муҳлати нигоҳдории бойгонӣ панҷ сол муқаррар карда мешавад. Тартиби додани нусхаҳои сертификатҳои калиди имзо дар давраи нигоҳдории онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 28. Санҷиши аслияти имзои электронӣ
1. Санҷиши аслияти имзои электронии ҳифзшуда тавассути муроҷиати шахсон ва истифодабарандагони сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ба маркази тасдиқкунанда бо пешниҳоди маълумот дар бораи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда анҷом дода мешавад.
2. Марказҳои тасдиқкунанда уҳдадоранд дастрасии шахсонро ба махзани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда дар сомонаҳои интернетии худ таъмин намоянд.
3. Қоидаҳои дастрасӣ ба махзани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда аз ҷониби марказҳои тасдиқкунанда муайян карда мешаванд ва бояд дар сомонаҳои интернетии онҳо дастрас бошанд.
Моддаи 29. Воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда ва сертификатсияи онҳо
1. Воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда бояд инҳоро таъмин намоянд:
1) нодир будани калидҳои пӯшида ва кушодаи омодакардашуда;
2) мураккабии ҳисоббарории зарурӣ доир ба муайян намудани калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда;
3) махфияти калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда;
4) ҳифзи калиди кушодаи имзои электронии ҳифзшуда.
2. Воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман сертификатсия шаванд. Ба воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда сертификати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда дода мешавад.
3. Ба истифодаи имзоҳои электронии ҳифзшудаи сертификатсиянашуда ва калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшудаи аз ҷониби онҳо омодакардашуда иҷозат дода намешавад.
БОБИ 6. МАРКАЗИ ТАСДИҚКУНАНДА
Моддаи 30. Вазъи ҳуқуқии маркази тасдиқкунанда
1. Маркази тасдиқкунанда шахси ҳуқуқӣ буда, хизматрасониҳоро вобаста ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшуда, инчунин хизматрасониҳоро вобаста ба истифодаи имзои электронии ҳифзшуда ва тасдиқи аслияти ҳифзи имзоҳои электронӣ пешниҳод менамояд.
2. Марказҳои тасдиқкунанда метавонанд дар шакли марказҳои тасдиқкунандаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ (хусусӣ) таъсис дода шаванд. Марказҳои тасдиқкунандаи давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ хизматрасониҳоро вобаста ба имзоҳои электронии ҳифзшуда пешниҳод мекунанд. Марказҳои тасдиқкунандаи давлатӣ метавонанд ба дигар субъектҳои хоҷагидор низ хизмат расонанд. Марказҳои тасдиқкунандаи ғайридавлатӣ (хусусӣ) ба субъектҳои хоҷагидор, ба истиснои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ, вобаста ба имзоҳои электронии ҳифзшуда хизматрасониҳоро анҷом медиҳанд.
3. Бақайдгирии давлатии марказҳои тасдиқкунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Талаботи ба марказҳои тасдиқкунанда пешниҳодшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ муайян мегардад.
5. Талаботи асосӣ оид ба таъмини бехатарии низомҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии марказҳои тасдиқкунанда, аз ҷониби онҳо истифодаи воситаҳои ҳифзи криптографӣ ва техникии иттилоотро мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 31. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти марказҳои тасдиқкунанда
1. Фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, хизматрасониҳо вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии ҳифзшуда ва тасдиқи аслияти ҳифзи имзоҳои электронии ҳифзшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти иҷозатномадиҳӣ қарор дода шавад.
2. Фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба омода ва истифода кардани имзои электронии одӣ ва имзои электронии мукаммал равона шудааст, тибқи Қонуни мазкур ҳамчун фаъолияти маркази тасдиқкунанда эътироф карда намешавад ва таҳти иҷозатномадиҳӣ қарор дода намешавад.
Моддаи 32. Шартҳои амалигардонии фаъолият аз ҷониби маркази тасдиқкунанда
Маркази тасдиқкунанда фаъолияти худро дар сурати мавҷуд будани шартҳои зерин амалӣ менамояд:
1) мавҷудияти захираҳои дахлдори молиявӣ, моддӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, ки барои таъмини бехатарӣ, эътимоднокӣ ва муттасилии пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба сертификатсияи калидҳои имзои электронии ҳифзшуда, инчунин барои пӯшонидани зараре, ки метавонад дар робита бо пешниҳоди чунин хизматрасонӣ расонида шавад, зарур аст;
2) мавҷудияти калиди сертификатсияшудаи имзои шахси ваколатдори маркази тасдиқкунанда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои сертификатсияи калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда таъин гардидааст;
3) таъмини бақайдгирии боэътимод ва саривақтии маълумот дар феҳристи сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, аз он ҷумла пешниҳоди саривақтии хизматрасониҳо оид ба боздоштан ва бекор кардани амали сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда;
4) таъмини имконияти муайян кардани сана ва вақти додани сертификат, боздоштан ё бекор кардани сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда;
5) мавҷудияти кормандони дорои тахассуси дахлдор, ки барои пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба сертификатсияи калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда заруранд;
6) таъмини бехатарии имзои электронии ҳифзшуда;
7) нигаҳдории маълумот дар бораи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур;
8) мутобиқат ба шартҳои дигари махсуси муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ.
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва вазифаҳои маркази тасдиқкунанда
1. Маркази тасдиқкунанда ҳуқуқ дорад:
1) сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшударо омода кунад ва пешниҳод намояд;
2) амали сертификатҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшударо боздорад, аз нав барқарор намояд, бекор намояд ва тағйироти дахлдорро ба феҳристи сертификатҳои калиди имзои электронии ҳифзшуда ворид намояд;
3) дар асоси шартнома намудҳои дигари хизматрасониеро, ки бо имзоҳои электронии ҳифзшуда алоқаманданд, пешниҳод намояд.
2. Маркази тасдиқкунанда уҳдадор аст:
1) ба эътимодбахшии маълумоте, ки дар дархост оид ба сертификатсияи калиди имзои электронии ҳифзшуда зикр шудаанд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин маълумот боварӣ ҳосил кунад;
2) мутобиқати маълумоти дар сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ба маълумоти пешниҳодкардаи дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшударо таъмин намояд;
3) феҳристи сертификатҳои калиди имзои электронии ҳифзшударо пеш бурда, навсозии он ва дастрасии озод ба онро таъмин намояд, маълумоти заруриро дар бораи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ба феҳристи сертификатҳои калиди имзои электронии ҳифзшуда на дертар аз як рӯз то оғози муҳлати амали сертификат дохил намояд;
4) санҷиши нодир будани калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшударо дар феҳристи сертификатҳои калидҳои имзои электронии ҳифзшуда ва бойгонии маркази тасдиқкунанда анҷом диҳад;
5) дорандаи сертификати калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшударо дар бораи далелҳои ба маркази тасдиқкунанда маълумшуда, ки аз имконнопазирии истифодаи минбаъдаи калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда далолат менамоянд, инчунин дар бораи боздоштан ё бекор намудани сертификати калиди пӯшидаи имзои электронии ҳифзшуда огоҳ намояд;
6) ба шахсон маълумоти мавҷударо, ки барои тасдиқи аслияти имзои электронии ҳифзшуда зарур мебошанд, пешниҳод намояд;
7) дигар уҳдадориҳоро тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномае, ки байни маркази тасдиқкунанда ва дорандаи имзои электронии ҳифзшуда ба имзо расидааст, иҷро намояд.
Моддаи 34. Қатъ гардидани фаъолияти маркази тасдиқкунанда
1. Фаъолияти маркази тасдиқкунанда метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад.
2. Дар сурати қатъ гардидани фаъолияти маркази тасдиқкунанда бо роҳи барҳамдиҳӣ, маркази тасдиқкунанда уҳдадор аст на камтар аз ду моҳ қабл аз қатъи фаъолияти худ ҳамаи дорандагони имзоҳои электронии ҳифзшударо, ки ба онҳо хизмат мерасонад, оид ба ин ҳолат хабар диҳад.
3. Тартиби истифодаи маълумоти маркази тасдиқкунанда баъд аз қатъ гардидани фаъолияти он аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 7. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ СЕРТИФИКАТИ ХОРИҶИИ КАЛИДИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 35. Эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ
1. Эътироф намудани сертификати хориҷии калиди имзои электронӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Имзои электроние, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун имзои электроние эътироф карда мешавад, ки аломатҳояш тибқи Қонуни мазкур ба чунин намуди имзои электронӣ мутобиқ мебошад.
3. Имзои электронӣ ва ҳуҷҷати электроние, ки бо он имзо шудааст, танҳо дар асоси он, ки сертификати калиди имзои электронӣ тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ дода шудааст, эътибори ҳуқуқӣ надошта ҳисобида намешавад.
4. Тартиби эътирофи имзои электронӣ, ки тибқи ҳуқуқи давлати хориҷӣ омода карда шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи имзои электронӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 36. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 37. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 майи соли 2002 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 308; с. 2005, № 12, мод. 637; с. 2012, № 12, қ.1, мод. 1002; с. 2013, №7, мод. 523; с. 2014, №12, мод. 828) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 июли соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №7, мод. 682; с. 2010, №7, мод. 560; с. 2011, №3, мод. 166) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 1965
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2001, № 434 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва мавриди амал қарор додани он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 310; с. 2005, № 11, мод. 567; с. 2012, № 11, мод. 898; с. 2013, № 2, мод. 112; с. 2014, № 12, мод. 853) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, № 708 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 532; с. 2010, №6, мод. 454; с. 2011, № 2, мод. 74) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 15 феврали соли 2023, № 973
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 15 марти соли 2023, № 374