Сомон, он рӯз ҳама бо чашми чор мунтазири ғалабаи ту будем.
Ту даруни экран рӯи майдон будию мо дар набардгоҳи дил дасту по гум мекардем. Ту меразмидиву мо меларзидем. Ҳар боре пирӯз мешудӣ, дар худ намеғунҷидем. Билохир, ғолиб омадӣ, чун ҳамеша ғолиб будӣ!
Майдон, ки макони муқаддасест, ин бор низ Сомонашро бенасиб намонд.
Ту ҳамеша дар ёди мо бо пирӯзиҳоят нақш бастаӣ ва хушо, ки ин бор низ бовари мо бар ту рост баромад. Пирӯзӣ ба ту мезебад. Ту, ки ифтихори мо будӣ, акнун мавриди эътирофи тамоми дунё қарор гирифтӣ. Ин ифтихору ин эътироф ҳалолат бод!
Ту собит кардӣ, ки аз қавми мардуми шикастнопазиру боғурурӣ.
Як шоми моро гуворо кардӣ, бо ту гӯё шаҳди пирӯзӣ чашидем, ҷо-ҷо ашки шодӣ ҳам рехтем. Аз дили Париж то қалби Душанбе он шаб як қадам роҳ буд, ин роҳро маҳз ту пайванд кардӣ. Манораи овозадори «Эйфел» чӣ? Сарамонро ба осмон расондӣ.
Ту намоди ҷасорату ғурурӣ, ту давоми оли Сомонӣ. Воқеан, чи волидони худшиносу некпиндоре дорӣ, ки ба ту ин номи пурифтихорро лоиқ донистаанд. Аз чунин муҳит ҳатман бояд Сомони сонӣ мебаромад ва баромад. Дуруду сано бар волидони озодаат!
Маҳз майдондории ту номи Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои медалдори ин чорабинии бошукӯҳ сабт кард. Ҳарчанд умедҳо ҳанӯз аз дигарон сабзанд, вале қадами аввалро ту гузоштӣ, ки дар сафи аввалинҳо будан, мароми доимии туст.
Ту нишон додӣ, ки вақте инсон Ватан мегӯяд, ҳама мушкилиҳо барояш осон мегарданд. Вақте инсон Ватан мегӯяд, неруи тоза мегирад. Вақте инсон ба чашми умедвори ҳамватан менигарад, тавоно мешавад.
Бале, ту тавоноӣ, далерӣ, ҷасурӣ, Ватандорӣ ва бо ин хислатҳоят барои мо азизӣ!
Ин медалро, ки ту ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми халқи тоҷик бахшидӣ, туҳфаи арзишмандест аз номи кулли ҷавонон ба Сарвари давлату ҳамаи халқ. Ин туҳфаи ту подоши ҳамаи ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат ба насли ҷавон аст ва бори дигар собит месозад, ки давлату Ҳукумат ба ҷавонон беҳуда такя накардаанд.
Пирӯзӣ муборак, паҳлавон!
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»