Ман аз Афғонистон ҳастам. Соли 2019 ба Тоҷикистон омадам ва дар шаҳри Ваҳдат осуда зиндагӣ мекунам. Суханронии бепояи чанд муллотароши Афғонистонро дидаму сахт асабӣ шудам. Муллое бо номи Абдулқадир аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мардуми тоҷик ва Тоҷикистон интиқод кардааст ва занонро ба зери чодару мардонро ба ҷиҳод хондааст.
Ба чунин кӯрдил гуфтаниям, ки ту боре биё ба Тоҷикистон ва исломиятро дар ин ҷо бубин. Мо ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар масҷидҳои ҷомеъ ҷо намеёбем. Ба хотири адои намоз ҳарчи барвақттар ба масҷидҳо меравем ва ба чашмони худ мебинем, ки мардуми тоҷик ба намозу рӯза ва зикри Худо моиланд ва фарзу суннати мусулмонии худро пурра ба субут мерасонанд.
Панҷ вақт намози мо – афғонистониҳо дар масҷид аст ва то ҳол касе моро аз дину эътиқодамон напурсидааст. Биё, аз дастат бигираму бибарам ба калонтарин масҷиди Тоҷикистон, ки ба якбор 33 ҳазор кас намоз мехонанд ва ба чашмонат бубин, ки мусулмониву имондорӣ дар куҷост. Боз ту мегӯӣ, ки Тоҷикистон кишвари мусулмонӣ нест. Шарм доред!
Акнун гӯё кишваре, ки ту ҳоло “соҳибаш” ҳастӣ, мусулмонӣ аст? Дар он сарзамине, ки шифохонаро метарконанд, мактабу донишгоҳро метарконанд, дар ҷодаҳо мутарҳо (мошинҳо)-ро метарконанд, оё ислом ва қавонини динӣ ҳукмфармост? Дар кадом бахше аз Қуръон гуфта шуда, ки интиҳору инфиҷор аз ислом аст, куштани кӯдакон ва ғулом кардани занон аз ислом аст? Боре чашми ибрат кушодаву китоби Худоро хонед, омӯзед ва даъвии беасоси мусулмони комил буданро бо ин фаҳму дарки кунд ҳаргиз накунед.
Банда ҳамчун як тан шаҳрванди Афғонистон, ки то соли 2019 дар он хок будам, ба сароҳат мегӯям, ҳар фоҷиае, ки ба сари мардуми мо омад, ҷангу хунрезие, ки 42 сол боз идома дорад, аз дасти ҳамин гуна муллоҳову мавлавиҳои беимону худбохта будааст. Албатта, мо ба олимони воқеии дин эҳтиром мегузорем, эътироф мекунем, вале бо инҳо, ки ба сиёсат ва иҷтимои кишвари дигаре дахл мекунанду гиребони худро бӯ намекашанд, сахт мухолифем.
Ба зани миллати дигар чӣ коре дорӣ? Занони инҳо ҳама пироҳани хоси худро доранду сазовори эҳтироманд. Бигӯед, ки ҳамин тавтеа чӣ даркор аст? Мо аз дасти шумо ва мисли шумо худбохтагон то ин ҷо расидем ва монед, ки ин ҷо ором бошем.
Дар ҳамин чанд даҳсола дар Афғонистон ҳамеша ду гап будааст: интиҳор ва инфиҷор! Миллионҳо мардуми мо кушта шуд. Даҳҳо ҳазор маъюб бе кору хору залил гаштаанд. Охир то кай? Шарм бодо! Ин хунҳои рехта хунбаҳо мехоҳад.
Он ҳама мушкилоту ҷиноятҳоро, ки мо дидем, касе набинад, илоҳо. Мардум аз рӯи эҳтиёҷ гурдаҳояшонро фурӯхтанд, тифлони худро ба бозор оварданд.
Ту он ҷо ҷиноят мекуниву ин ҷо тоҷикони Тоҷикистон бо Роҳбари худ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месозанду обод мекунанд. Ҳалолаш бод, сарвариву саркорӣ. Дидем, ки чанде пеш ба зиёрати хонаи Худо рафт ва барои миллату осоиштагии мардумаш дуоҳо хонд. Мардум ҳамроҳи роҳбараш гиристанду баробари ӯ гуфтанд: “Тоҷикистонро орому обод гардон, Худоё!”
Дар мо ғайри муфтхӯрӣ, қатлу куштор ва зоҳирпарастӣ чизи дигаре нест!
Дигар ин ҳама намоишҳо бас аст, мардуми дунё, хосса тоҷикон симои аслии шумо – нодонҳои ҷоҳилро шинохта.
Ёддошт: шакли видеоии муроҷиати ин марди афғонистониро аз саҳифаҳои "Ҷумҳурият" дар "Фейсбук", "Телеграм" ва "Инстаграм" пайгирӣ кунед:
Таҳияи Б. БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”